Гуппӣ
Гуппӣ — асбоб барои аз ҷурғот ҷудо кардани маска. Гуппӣ аз зарфи чӯбин ё сафолини устувонашакл (баландиаш 95-100 см ва қурташ 25-30 см) ва гуппичӯб (дарозиаш 116—125 см) иборат аст. Гуппиро, асосан, аз гили пухта (сафол), чӯб ва тунука меозанд.[1] Дар айни ҳол бо ёрии ширполои механикӣ ё барқӣ равғанро аз шир ҷудо мекунанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 31 — 35.
Адабиёт
вироиш- Гуппӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.