Гупсар
Гупсар, саноч — навъи амадест, ки барои аз як соҳил ба соҳили дигари дарё гузаштан ё гузаронидани бор истифода мешуд. Гупсарро, маъмулан, аз пӯсти яклухт кандаву ошдодаи буз, гӯсфанд ё гӯсола месозанд. Барои набаромадани ҳаво сӯрохҳои пӯсти яклухт (хик)-ро бо чилбур маҳкам баста, онро дам мекунанд. Барои дам кардани гупсар ба яке аз пойҳои қафо найча гузошта мешавад. Ҳангоми аз дарё гузаронидани одамон ё бори вазнин 8-12 гупсарро паҳлуи ҳам ҷафс карда, аз болои онҳо чанд қатор чӯбдастаро чилликвор бо ресмон мебанданд ва онро чун амад истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гупсар / И. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.