Гурбабозӣ
Гурбабозӣ — як навъ бозии анъанавии духтарон, ки маъмулан дар фаслҳои гарм барпо мешавад.
Дар майдони кушод 7-12 нафар духтари аз 8 то 14-сола ҷамъ омада, ба таври нимдоира қатор меистанд. Онҳо як нафарро барои иҷрои нақши «гурба» аз байни худ интихоб мекунанд. «Гурба» дар рӯбарӯи духтарон истода, бо онҳо муколама мекунад:
Духтарон: Пиш-пиш!
Гурба: Мияв-мияв.
Духтарон: Чӣ хел ранг?
Гурба: Сурх (гурба номи рангеро мегирад).
Дар ҳамин вақт «гурба» номи ягон рангро интихоб карда, мегӯяду ба сӯи духтарон медавад. Духтарон ба ҳар тараф мегурезанд, то ки ҳар чӣ зудтар ранги интихобкардаи «гурба»-ро ёфта, ба он даст расонанд. Духтаре, ки он рангро наёбад ё ба он даст расонда натавонад, «гурба» ӯро дастгир мекунад ва бо ҳамин ин навбати бозӣ ба поён мерасад. Шахси дастгиршуда дар навбати дигар «гурба» мешавад. Бозӣ ҳамин тавр идома меёбад. Д. Раҳимов.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурбабозӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Гурбабозӣ // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.