Гургаки сабз
Гургаки сабз — як навъи харбуза.
Баъди 95-100 рӯзи кишт мепазад. Навъи серҳосил буда, ҳар палакаш 3-4 харбуза мебандад. Шаклаш кулӯла, қутраш 22-25 см, вазнаш 6-8 кг; тӯри маҳину зебо дорад. Рангаш сабзи баланд, пӯсташ нисбатан ғафси сахт. Мағзаш (6-7 см) сафеди сабзтоб, мулоиму хуштаъм, серобу сершира; нахҳои нозук дорад. Дар таркибаш 7,5-10 % қанд (аз ҷумла 5,8-7 % сахароза) ва 8,6-12 % моддаҳои хушк мавҷуд аст. Тухмпаллаҳояш майдаи шилмак, тухмаш калону паҳн, дарози сафедтоб. Аз ҳар га 340—350 сентнер ҳосил меғундоранд. Асосан дар маҳалли парваришаш истеъмол мешавад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан мувофиқ нест. Ҳосилашро тар мехӯранд, харбузақоқ тайёр мекунанд, мураббо мепазанд. Гургаки сабз ба камобӣ ва шӯрхокҳо тобовар буда, аз касалиҳои пажмурдашавии фузариозӣ ва гардзанӣ зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гургаки сабз / Ҳ. Маҳмадқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.