Гургаки сафед — як навъи харбуза.

Баъди 80-85 рӯзи кишт мепазад. Шаклаш кулӯла, қутраш 20-22 см, вазнаш 5-6 кг. Пӯсташ ҳамвор, бо тӯри майда фаро гирифта шудааст. Рангаш сафеди сабзтоб, пӯсташ тунук ва сахт. Мағзаш ғафс (6-7 см), сафедтоб, серобу ширин ва хуштаъм, 8-11 % қанд (аз ҷумла 5,2-7,8 % сахароза) ва 9,5-13 % моддаҳои хушк дорад. Аз ҳар га 360—380 сентнер ҳосил меғундоранд. Самараш ба таркибу ҳосилхезии хок вобаста аст. Барои нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш