Гурдаи гови хуфакӣ
Гурдаи гови хуфакӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллӣ, селексияи халқист.
Баргаш калони серчок, чоки байни парраҳояш амиқ, рангаш сабзи сиёҳтоб, рӯяш бепашмак. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калони махрутшакл (дарозиаш 22-28 см, бараш 16-18 см, вазнаш 600—620 г), сершингил, шингилҳои болоияш инкишофёфта. Ғужбаш калон (вазни 100-тоаш 580—610 г), зарди сабзтоб, ғужмаш ғафс ва чандир. Гӯшташ хамираки карсосӣ, серобу ширин, хуштаъм ва хушбӯй, 2-3 дона тухми калони қаҳваранг дорад. Дар таркиби ангури пухта расидааш 19-21 % қанд ва 3,8-4,6 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Токаш тезсабз, 28-30 дарсади навдаҳояш самаровар. Дар заминҳои лалмӣ низ хуб месабзад. То охири тирамоҳ 80-85 дарсади навдаҳояш мерасанд. Давраи нашваш 146—155 рӯз. Охири май гул карда, меваш нимаи сентябр мепазад. Ҳосилашро асосан тар мехӯранд, мехушконанд, дар майкашӣ истифода мебаранд. Ҳангоми хушконидан 23-44 % мавизи хушсифат ҳосил мешавад. Асосан дар деҳаи Хуфаки ноҳияи Рашт ва деҳаҳои гирду атрофи он мепарваранд. Токаш ба сармо, камобӣ тобовар буда, аз касалиҳои гарда ва қарасон зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурдаи гови хуфакӣ / Ҳ. Маҳмадқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.