Гурдаи сунъӣ — дастгоҳ барои ҳемодиализ.

Соли 1913 олими амрикоӣ Ҷон Абел дастгоҳи ҳемодиализро ихтироъ кард, ки шабеҳ ба гурдаи сунъӣ буд. Соли 1944 олими ҳолландӣ Вилям Колф бори аввал дар амал гурдаи сунъиро истифода бурд. гурдаи сунъиро бо мақсади пок кардани хун аз моддаҳои заҳрнок, ҳамчунин танзими мувозанати обу электролитҳо ва кислотаю ишқорҳо дар бадан ба кор мебаранд. гурдаи сунъӣ дар мавриди заҳролудии шадид барои аз бадан дур кардани заҳр ва ҳангоми уремия барои муваққатан ба ҷо овардани вазифаи гурда муҳим аст. Дар аснои нақси музмини гурдаҳо ҳемодиализ мунтазам ва бардавом гузаронида мешавад. Истифодаи гурдаи сунъӣ барои беморони гирифтори ҳипотензияи шараёнӣ, хунравии узвҳои дарунӣ, ихтилоли модарзоди лахтабандии хун тавсия намешавад. Вазифаи асосии гурдаи сунъӣ диализ буда, дар ҳангоми он ҳаҷми умумии хун тағйир намеёбад. Диализ имкон медиҳад, ки аз плазмаи хун моддаҳои массаи молекулаашон хурд (электролитҳо, карбамид, креатинин, кислотаи пешоб ва ғ.) дур карда шаванд. Сохти гурдаи сунъӣ гуногун бошад ҳам, онҳо аз рӯи нақшаи ягона кор мекунанд. гурдаи сунъӣ аз диализатор, дастгоҳи таҳия ва ба диализатор фиристодани маҳлул, асбоби перфузия (барои тавассути диализатор ҳаракат додани хун мусоидат мекунад) ва монитор иборат аст. Диализатор аз мембранаи нимнуфузпазири селлюлозӣ ё синтезӣ таркиб ёфта, қисми асосии гурдаи сунъӣ мебошад.

Маҳлули диализӣ аз ионҳои натрий, калий, калсий, магний, атсетат ё гидрокарбонат, хлор, баъзан глюкоза иборат аст; фишори осмосии он ба фишори осмосии плазмаи хуни одами солим наздик мебошад. Аз хун ба маҳлули диализӣ гузаштани заррачаҳо ба тафовути консентратсияи моддаҳо дар ду ҷониби мембрана (диффузия), ҳамчунин ба фарқи байни фишори гидравликии хун ва маҳлули диализӣ (ултраполоиш) вобаста аст.

Соли 2013 як гурӯҳ олимони амрикоӣ аз Маркази тибби таҷдидии Беморхонаи шаҳри Массачусет зери роҳбарии Х. Отто бо усули биомуҳандисӣ гурдаи сунъӣ ихтироъ намуданд. Барои ин кор аз узви калламуши фавтида истифода карда шуд. Ҳуҷайраҳои гурдаи калламушро бо маҳлули махсус шуста, фақат «қолаб»-и онро, ки аз бофтаҳои пайвандӣ ташаккул ёфтааст, маҳфуз монданд. Барои таҳияи рагҳои хунгард ва ҳуҷайраҳои полоишии гурда ба қолаб ҳуҷайраҳоеро, ки аз ҷанини калламуш гирифта буданд, ҷой доданд. Чунин узви сунъӣ берун аз ҷисми ҳайвон ва ҳангоми дар ҷои гурда пайванд намудан, хунро тоза ва ба миқдори муайян пешоб ҳосил кард. Вале кори он нисбат ба кори гурдаи аслӣ бад буд. Эҳтимол ин аз он сабаб рух дода бошад, ки ҳуҷайраҳо аз организми ноболиғ гирифта шуда буданд. Ба ҳамин усул гурдаи сунъии хуку одам низ ба вуҷуд оварда шудааст ва дар оянда имкони аз ҳуҷайраҳои худи бемор таҳия сохтани чунин гурда низ вуҷуд дорад. Т. Қодирӣ.

Адабиёт

вироиш