Гурдофарид (форсӣ: گردآفريد‎) — паҳлавони зани эронӣ ва аргбади Дижи Сапед, духтари Гаждаҳам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Гурдофарид
Нигора
Падар Гаждаҳам
Пеша нависанда
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома», Гурдофарид духтари Гаждаҳам аст, ки нигаҳбони Дижи Сапед (қалъае дар марзи Эрон ва Турон) буд. Ҳангоми ба ин диж расидани лашкари Турон бо сарварии Суҳроб писари Гаждаҳам — Ҳаҷир ба ҷанги Суҳроб баромад, вале асир афтод. Гурдофарид ҷомаи разм пӯшида, аз паси Ҳаҷир ба ҷанги Суҳроб рафт, вале ба муқобилати Суҳроб тоб наоварда, майдонро тарк кард. Суҳроб ҳангоми таъқиби Гурдофарид фаҳмид, ки бо духтар сарикор дорад. Гурдофарид бо рӯю мӯи зебо ва забони хуш Суҳробро мафтун кард ва бо фиребу найранг аз асорати ӯ раҳо ёфт.

Гурдофарид мувофиқи тасвири Фирдавсӣ бо андешаву гуфтор ва кирдор таҷассуми шуҷоату далерӣ, ватандӯстӣ, матонату зебоӣ ва вафодорӣ мебошад. Гурдофариди Фирдавсӣ яке аз образҳои дӯстдоштаи мардуми Шарқу Ғарб гаштааст. Дар эҷодиёти аксари адибон, шоирони гузашта ва имрӯза сухан аз мардонагиву матонат чун образи Гурдофарид тазаккур ёфтааст. Дар байни образи занон, ки адибони олам офаридаанд, Гурдофариди Фирдавсӣ дар мавқеи аввал аст. Мунаққиди рус Н. Гурдофарид Чернишевский бо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шинос шуда, ба образи Гурдофарид баҳои баланд додааст ва ӯро аз образҳои офаридаи Шекспир (Дездемона, Ҷулетта) баландтар мегузорад: «Гурдофарид андоми зебо ва қавӣ дошта ва агар ҷавшан пӯшад, аз байни ҳамаи лашкари Турон дар ҷанги тан ба тан бо ӯ фақат Суҳроб тоб оварда метавонад; ҳарчанд дасти ӯ аз дасти Ҳаҷир камқувваттар аст, дили ӯ мустаҳкамтар, нигоҳаш бебоктар, ҳаракатҳояш чобуктар, зарбаҳояш нишонрастаранд. Вай аз занҳо аввалин ҳимоятгари Эрон аст. Ҳатто дар осори Шекспир аз симои ӯ латифтар нест. Дездемона ва ҳатто Ҷулетта дар зебоию нафосат аз ӯ поёнтаранд». (Н. Гурдофарид Чернышевский. Повести в повести. Полн. собр. соч., Т. XII. М., 1979, саҳ. 132).

Адабиёт

вироиш
  • Гурдофарид / М. Диловаров, Н. Саркоров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.