Гурез Зарипов (1947–2016) — ходими давлатӣ, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2007).

Гурез Зарипов
Зодрӯз 1947(1947)
Таърихи даргузашт 2016(2016)
Рутба генерал-лейтенант
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Солҳои таҳсил

вироиш

Хатмкардаи Институти хоҷагиии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аргарии Тоҷикистон, 1970) ва Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1999, ғоибона).

Солҳои фаъолият

вироиш

Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1970–1972), аграноми калони ҳифзи рустаниҳо (1973–1975), сарнозири нозироти давлатӣ оид ба карантини русаниҳои вилояти Қурғонтеппа (1975–1993), сардори Раёсати Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1993–1998), муовини аввали раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукуати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998–2002), муовини сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002–2003), сардори шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ дар Майдони ҳавоии Идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003–2004), муовини директори Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004–06), муовини аввали Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006–13). Аз соли 2014 дар нафақа буд. Бо ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардидааст

Сарчашма

вироиш