Гурез (адабиёт)
Гурез (форсӣ: گریز) — яке аз қисмҳои қасидаи мадҳист, ки байни тахаллус ва мадҳ меояд.
Шоир пас аз сурудани насиб, ташбиб ё тағаззул як ё якчанд байтро меоварад, ки воситае барои гузаштан ба мадҳия гардад. Абёти гурез, бинобар тақозои сабки нигориши қасида, бояд дар камоли латофат ва салосати лафзу услуби баён суруда шаванд ва низ набояд таносуби маъноию мантиқии қасидаро халалдор кунанд. Гурез, вақте ки дар ниҳояти балоғату фасоҳати шеърӣ меояд, онро ҳусни тахаллус меноманд. Қасидасароёни номӣ Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Муиззӣ, Заҳири Форёбӣ, Анварӣ, Амъақи Бухороӣ, Салмони Соваҷӣ ва дигарон дар нигоштаҳои хеш аз гурез фаровон истифода кардаанд. Дар адабиёти муосири тоҷик, ки қасидаи мадҳӣ маъмул нест, истилоҳоти зиёди адабиёти классикӣ сифати нав дар бар кардаанд. Ҳоло адибон аз гурез барои аз як фикр ба фикри дигар гузаштан истифода мебаранд. Ин намунаро дар силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзода метавон дид. Гурезро баъзан гурезгоҳ, байти гурез ва байти тахаллус низ меноманд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурез / У. Тоиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.