Гуруснагӣ
Гуруснагӣ, гуриснагӣ, гурсинагӣ, гушнагӣ, гуруснамонӣ — иштиҳо ба хӯрок доштан. Гуруснагӣ ҳиссиёти махсус буда, эҳтиёҷи физиологии андомгон (организм)-ро ба ғизо ифода мекунад.
Аҳаммият
вироишАҳаммияти биологии гуруснагӣ дар он аст, ки одам ва ҳайвонотро ба ҷустуҷӯи ғизо ва истеъмоли он водор месозад. Дар мағзи сари ҳайвоноту одам марказҳои гуруснамонӣ ва серӣ мавҷуданд. Дар таҷриба, бо ҷараёни барқ ангехтани маркази гуруснагӣ ҷонваронро маҷбур кард, ки ғизо ҷӯянд. Аммо ангезиши маркази серӣ дар ҷонварон эҳсоси сериро падид овард. Ҳамчунин дар мавриди халал ёфтани фаъолияти маркази гуруснагӣ низ ҳисси серӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳайвон, новобаста ба он ки пешорӯи ӯ ғизо истодааст, аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасад. Гуруснагӣ дар сурати бад будани ғизо ё дар андомгон ҳазм нагардидани он низ ба вуҷуд меояд. Дар табиат гуруснагӣ ҳамчун ҳолати физиологӣ ҳангоми ба хоби зимистонӣ рафтани ҳайвонот (мас., хирс, юрмон, хорпушт), аз сармо карахт шудани қурбоққа, моҳӣ, ҳашарот ба мушоҳида мерасад. Чунин тарзи гуруснагӣ ба боздории силсилаи асабҳои марказӣ ва дафъатан суст шудани раванди мубодилаи моддаҳо дар организм асос ёфтааст ва имкон медиҳад, ки ҷонварон бо сарфи ниҳоят ками неру муддати дароз зинда монанд.
Гуруснагии касолатӣ (патологӣ) дар одам дар натиҷаи набудан ё нарасидани ғизо, инчунин ҳангоми ихтилоли ҳазми хӯрок, хусусан дар мавриди бемориҳои узвҳои гувориш, падид меояд. Гуруснагӣ пурра (организм фақат аз об таъмин аст), нопурра (нимгуруснагӣ) ва мутлақ (беғизо ва беоб мондани ҷисм) мешавад. Гуруснагии ҷузъӣ низ мавҷуд аст, ки дар мавриди он дар организм моддаҳои ғизоӣ (сафеда, моддаҳои минералӣ, витамин ва ғ.) намерасанд. Таҳқиқи илмии гуруснагӣ аз асри 19 оғоз ёфтааст. Муқаррар гашт, ки дар натиҷаи гуруснагии пурра организм аз ҳисоби моддаҳои захиравӣ (хосса равған) ва маҳсулоте, ки ҳангоми атрофияи тадриҷии бофтаҳои худи организм ба вуҷуд меоянд, муддати муайян зинда мемонад. Дар лаҳзаи аз гуруснагӣ фаро расидани марг тақр. 40-50 дарсади сафедаи организм талаф меёбад. Давомоти умр ҳангоми гуруснагӣ ба массаи бадан (масса ҳар қадар зиёд бошад, захираи неруи организм ҳамон қадар бештар аст), синну сол (кӯдакон ба гуруснагӣ нисбатан ҳассос мебошанд), ҷинс (занҳо нисбат ба мардҳо пуртоқатанд), сарфи неру (ҳангоми камтар ҳаракат кардан умр дарозтар мешавад) ва хусусиятҳои фардии организм вобастагӣ дорад. Ҳадди ниҳоии гуруснагӣ барои одам 65-70 шаборӯз (ҳангоми гуруснагии мутлақ ҳамагӣ чанд рӯз) аст. Аз гуруснагии пурра парандаҳои хурд баъди 2, мурғ баъди 14-20, саг баъди 40-60 ва асп баъди 80 рӯз мефавтанд. Гуруснагии пурра аз 3 давра иборат аст. Якум — давраи мутобиқати ибтидоии андомгон (2-4 рӯз). Дар ин давра ҳисси гуруснагӣ хеле тезутунд аст. Иштиҳо ва фаъолияти меъда бениҳоят пурзӯр (ҳатто боиси ташаннуҷ — спазм мешавад) мегардад. Мубодилаи моддаҳо суст шуда, захираи унсурҳои барои организм хеле муҳим коҳиш меёбад (мас., гликогени ҷигар, чарбуи насҷи зери пӯст ва ғ.). Рӯзҳои аввал вазни бадан дар як шаборӯз то 1 кг кам мешавад (минбаъд ин раванд нисбатан суст мегардад). Дуввум — давраи мутобиқати андомгон ба зиндагӣ дар ҳолати гуруснагие, ки нисбатан бардавом аст. Эҳсоси гуруснамонӣ суст ва иштиҳо нест мешавад; рӯи забонро ҳалолат (парда)-и сафед фаро гирифта, аз даҳон ва пӯст бӯи атсетон меояд. Ҳисси ташнагӣ кам, набз, инчунин фаъолияти меъда заиф мегардад; аз дидани ғизо тарашшӯҳи шираи меъда намеафзояд. Дар таркиби шираи ҳозима сафеда бисёр буда, он дар рӯда ба аминокислотаҳо табдил меёбад; бозпас ҷабида шудани аминокислотаҳо барои синтези баъдии ҷисмҳои сафедавии муҳим маводди чандир (пластикӣ) фароҳам меоварад. Ихроҷи пешоб мунтазам, вале хеле кам аст. Дар организм андаке об ғун мешавад. Дар ибтидо, эҳтимол дар натиҷаи атсидоз (сертуршӣ), одам тундмиҷоз, сардард ва бехоб мегардад; баъдан аломатҳои карахтӣ, беҳолӣ ва хоболудӣ ба вуҷуд меоянд. Фаъолияти зеҳнӣ (ақл) халал намеёбад, кори мушакҳо тадриҷан заиф мешавад. Дар оғози давраи дуввуми гуруснагӣ раванди оксидшавии карбогидратҳо якбора суст гашта, қисми бештари неру аз ҳисоби афзоиши оксидшавии чарбӣ ҳосил мешавад. Организм баъди ба охир расидани захираи чарбии худ ба сарфи сафедаи мушакҳо ва узвҳои дохилӣ мепардозад. Сараввал сафедаи бофтаҳои начандон муҳимми ҳаётӣ ва фақат баъд аз он, яъне дар давраи ниҳоӣ (терминалӣ), сафедаи мушакҳои дил ва силсилаи марказии асаб сарф гашта, онҳо рӯ ба табоҳӣ меоранд. Давраи сеюм — давраи ниҳоӣ (5-7 шаборӯз) буда, фаъолияти кулли организм хароб мешавад, иғмо (кома)-и амиқ падид меояд. Ҳарорати бадан дар лаҳзаи фавт то 28°С паст мефурояд.
Бо роҳи гуруснагӣ баъзе бемориҳо, мас., фарбеҳӣ, тарбод, ниқрис (подагра), диабети қанд, ғалаёни хун, атеросклероз, захми меъда, зиқи нафас ва ғ. муолиҷа карда мешаванд. Бино ба маълумоти олимони чех В. Долижан ва М. Пипал, дар ашхоси фарбеҳ, ки сахт парҳез мекунанд, ихтилоли рӯҳия (эйфория, ғамбеморӣ, парешонхотирӣ ва ғ.) сар мезанад.
Сабаби пас аз 3-4 шабонарӯзи гуруснагӣ падид омадани аломатҳои сардард, сарчархӣ, дилбеҳузурӣ, бехобӣ, эҳсоси сустию беҳолӣ ва ғ., эҳтимол атсидози хурӯҷёбанда бошад. Ин гуна ноҷӯриҳоро бо роҳи ҳуқна (имола) кардан, масҳи умумии бадан, сайру гашт дар ҳавои тоза ва ошомидани обҳои минералии ишқорӣ (мас., «Боржоми») метавон рафъ сохт. Олими шӯравӣ А. Н. Бакулев дар кори муолиҷаи илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъда, талхароҳа, иллати музмини рагҳо, бемории захми меъда ва фарбеҳӣ, ки бинобар гуруснагии давомоташ аз 4 то 18 шаборӯз сар задаанд, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Бартарии гуруснагии пурра аз парҳези қатъӣ маълум нест. Беморон ба парҳези қатъӣ (маҳдудӣ) нисбат ба гуруснагии бардавом хубтар тоб меоранд. Гуруснагии ҷузъии муштарак бо «рӯзҳои сабук» барои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла амрози силсилаи дилу рагҳо, фаровон истифода мешавад. Ҳангоми гуруснагишифоӣ ба зиёдаравӣ роҳ додан ҷоиз нест, зеро метавонад ба саломатӣ зиёни ҷиддӣ расад. Аломатҳои болинии хотима бахшидан ба гуруснагишифоӣ: пайдоиши иштиҳои сахт (қозгир); аз рӯи забон нест шудани ҳалолат, ки дар натиҷа он сурхи равшан ва тар мегардад; афзудани зариб (коэффитсиент)-и нафаскашӣ. Рӯзҳои аввали баъди хотима бахшидан ба гуруснагии табобатӣ истеъмоли ғизои камнатрий ва камхлор, инчунин ғизоҳои наботию ширӣ тавсия дода мешавад. Минбаъд калорияи ғизоҳоро бештар кардан лозим аст. Табобат бо гуруснагӣ бояд ҳатман дар шароити беморхона сурат гирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гуруснагӣ / Ф. Шукуров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.