Гурӯи Зиреҳ
Гурӯи Зиреҳ (форсӣ: گروی زره) — яке аз шахсиятҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, қотили Сиёвуш.
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
---|
Дар баъзе аз манбаъҳо, масалан, «Луғати Шоҳнома»-и Абдулқодири Бағдодӣ, «Бурҳони қотеъ» ба шакли Курӯ, Курӯи Зиреҳ, дар «Таърихи Табарӣ»-и тарҷумаи Абуалии Балъамӣ Буруй омадааст. Инчунин ӯро бародари Афросиёб гуфтаанд. Вале дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ӯ яке аз паҳлавонони туронист, ки ҳамроҳи Гарсеваз ба меҳмонии Сиёвуш омад ва ҳамроҳи паҳлавони дигар бо номи Дамур бо Сиёвуш ба набард баромад ва мағлуб шуд. Барои ин ӯ дар дил нисбат ба Сиёвуш кина гирифт. Замоне ки Афросиёб ба куштани Сиёвуш фармон дод, Гурӯи Зиреҳ бо ханҷари Гарсеваз сари Сиёвушро чун сари гӯсфанд бурид. Хунашро дар таште гирифта ба дашт рехт. Дар ҷои рехтаи хуни Сиёвуш гуле рӯид, ки онро гули Сиёвушон мегӯянд. Дар набарди Дувоздаҳ рух — ҷанги Кайхусрав бо Афросиёб паҳлавони эронӣ Гев Гурӯи Зиреҳро асир гирифта, ба назди Кайхусрав овард.
Пас аз анҷоми ҷангҳо бо фармони Кайхусрав сари Гурӯи Зиреҳро чун сари гӯсфанд буриданд ва танашро ба об андохтанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гуруйи Зиреҳ / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.