Гурӯҳи интихобкунандагон

Гурӯҳи интихобкунандагон — иттиҳодияи интихоботӣ, ташкилоти муваққатӣ ё доимие, ки мувофиқи қонуни интихобот ҳуқуқи пешбарии номзадҳо дар интихобот ё иштирок дар маъракаи интихоботро дорад.

Масалан, мувофиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1994) номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ карда мешаванд. Дар асоси моддаи 30 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1999) яке аз ду субъекти ҳуқуқи пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Моддаи 24 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (1999) ҳуқуқи пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллиро ба мақомоти дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ додааст. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (1998) дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсии аз қайди давлатӣ гузашта дар блоки интихоботӣ муттаҳид шуда метавонанд. Чунин иқдом дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 аз тарафи чандин ҳизби сиёсӣ пеш гирифта шуд, аммо дар рафти ҷамъоварии теъдоди муайяни имзои шаҳрвандон ин блок барҳам хӯрд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш