Гурӯҳҳои иҷтимоӣ — гурӯҳи одамоне, ки бо манфиат, меъёрҳои, касбу кор ва мавқеи ҷамъиятиашон воҳиди томи сохти иҷтимоии ҷамъиятро ташкил медиҳанд.

Ҷамъият маҷмӯи одамон не, балки, пеш аз ҳама, низоми амали байниҳамдигарии онҳо мебошад. Барои он, ки шахс ҳамчун шахсият ташаккул ёбад, ӯ бояд забонро азхуд намояд, то ба воситаи он ба фарҳангу маданияти ҷамъият ворид гардад ва ин кор дар раванди амали байниҳамдигарии одамон сурат мегирад. Маҳз бо ҳамин роҳ инсон дорои табиати иҷтимоии худ мешавад, маҷмӯи мураккаби арзишҳои иҷтимоӣ, андешаҳо, тасаввурот, эътиқод ва ғ.-ро қабул мекунад. Тамоми ҳаёти инсонро аз давраи таввалуд то охири умраш таърихи муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо дигар одамон ташкил медиҳад, ки хусусан дар раванди алоқаҳои бевосита ва бавоситаи фаъолияти байниҳамдигарии ӯ ба амал меоянд. Дар заминаи ин муносибатҳо одамон дар сохтори мураккаби иҷтимоии ҷамъият ҷо гирифта, умумиятҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоъии гуногуни одамон ба вуҷуд меоянд ва ташаккул меёбанд.

Гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаи мустақим ва ғайримустақим доранд. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳам аз нуқтаи назари сохтори берунӣ ва ҳам аз ҷиҳати таҳлили мазмуни фаъолият, тарзи рафтори онҳо дар гурӯҳ, инчунин аз рӯи вазифае, ки фаъолияти инҳоро таъмин мекунад, муайян карда шаванд. Тавсифи маълумоти объективӣ ва расмӣ дар бораи гурӯҳҳо иттилоотро дар хусуси сохтори демографӣ, ҳайати касбӣ, маълумотнокӣ ва мавқеи иҷтимоии аъзои онҳо дар бар мегирад. Аз нуқтаи назари мазмун гурӯҳ аз ҷиҳати амали аъзо барои ба даст овардани мақсади гурӯҳӣ тавсиф мешавад. Ба ин васила ҳамоҳангсозии амали мувофиқ таъмин мегардад ва муттаҳидии дохили гурӯҳ вусъат меёбад. Муттаҳидшавии гурӯҳ дар заминаи тарзи рафтор, меъёрҳое, ки муносибатҳои дохили гурӯҳро муайян мекунанд, инчунин амали механизмҳои иҷтимоӣ-равоние, ки рафтори аъзои гурӯҳро ба қолиби муайян дохил мекунанд, таъмин мегардад. гурӯҳҳои иҷтимоъӣ амали аъзояшонро дар атрофи мақсади асосии фаъолияти худ муттаҳид намуда, сохтори меъёрии худро ташаккул медиҳанд ва нигоҳ медоранд, ба наслҳои оянда ирсол мекунанд ва онро ҳамеша дар амали аъзои худ таҷдид месозанд. гурӯҳҳои иҷтимоъӣ дорои қоидаҳои хосси иҷтимоӣ мебошанд ва нақши пойдории иҷрои ин қоидаҳоро мебозанд.

Барои он ки гурӯҳи иҷтимоӣ амал кунад, бояд аъзояшро баҳри иштирок дар фаъолияти худ ва нигоҳ доштани он ҳавасманд карда тавонад; низоми босамари робитаи дохилии гурӯҳ, низоми иттилоотиро таъмин намояд; амали аъзои худро назорат кунад, то онҳоро барои ба даст овардани мақсадҳои гурӯҳӣ равона кунад; ба шароити муҳити иҷтимоие, ки барои боқӣ мондан ва ё фаъолияти вай хатар дорад, мутобиқ шуда, бехатарии гурӯҳро таъмин намояд.

Шаклҳои амали байниҳамдигарии одамон хеле гуногун ва мураккабанд. Шакли аз ҳама муҳим муносибатҳоеанд, ки байни одамон дар натиҷаи амали байниҳамдигарии доимӣ ва бевосита ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи ин гуна амали байниҳамдигарӣ, ки хусусияти ногаҳонӣ ва муваққатӣ надошта, такроршаванда аст, гурӯҳҳои иҷтимоъӣ аввалдараҷа ташкил меёбанд. Ин гуна гурӯҳҳо дар ҷойҳое ба вуҷуд меоянд, ки одамон бо ҳам зиндагӣ, кор ва ё истироҳат мекунанд. Одатан инҳо гурӯҳҳои хурданд, вале ҳаҷми хурд шароити кофии пайдоиши гурӯҳи аввалин шуда наметавонад. Агар иштирокдорони амали байниҳамдигарӣ аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ, мавқеи иҷтимоӣ, мартаба ва ғ. тафовут дошта бошанд, байни онҳо муносибатҳои иҷтимоии аввалдараҷа ба вуҷуд омада наметавонанд. Муносибатҳои иҷтимоии аввалдараҷа шарти асосии пайдоиши гурӯҳи иҷтимоӣ мебошанд.

Муносибатҳои иҷтимоии аввалдараҷа ба одамон имкон медиҳанд, ки ҳамдигарро ҳамчун шахсият ва на фақат аз рӯи вазифа, нақш ва ё касб шиносанд. Ин гуна амали байниҳамдигарӣ дар гурӯҳ ба шахсон имкон медиҳад ба умумияти гурӯҳӣ тавре ворид шаванд, ки шахсияти онҳо ба мақсади дар якҷоягӣ ба даст овардашаванда мувофиқат намояд. Маънои воқеиро дар ин маврид категорияи «мо» гирифта, ягонагӣ ба вуҷуд меояд. Ин ягонагӣ бо ҳиссиёти қавӣ мустаҳкам гардида, одам худро қисми таркибии ин ягонагӣ мешуморад, ҳиссиёти ваҳдат ва ҳамфикрӣ байни аъзои гурӯҳ ба вуҷуд меояд ва рафтори онҳоро ҳамин ҳиссиёт муайян мекунад.

Дар баробари гурӯҳи аввалдараҷа одамон дар доираи гурӯҳҳои иҷтимоъии дуввумдараҷа низ муттаҳид мешаванд, то дар мавриди зарурӣ ба ягон мақсади муайян ноил гарданд. Дар ин ҷо пайдоиш, хислат ва равияи амали гурӯҳро иҷрои вазифа ва иҷрои вазифа бошад, хусусияти амали байниҳамдигарии одамонро муайян мекунад. Дар гурӯҳҳои иҷтимоъии дуввумдараҷа асоси муносибатро қисми ақлонии амали байниҳамдигарӣ муайян мекунад, муносибатҳо хусусияти расмӣ ва номушаххас доранд. гурӯҳҳои иҷтимоъии аввалдараҷа ба қатори гурӯҳҳои ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоъии дуввумдараҷа ба қатори гурӯҳҳои иҷтимоъии расмӣ дохил мешаванд.

Адабиёт

вироиш