Гурӯҳи муташаккил
Гурӯҳи муташаккил — дар ҳуқуқи ҷиноӣ, гурӯҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд.
Аломати асосии фарқкунандаи ин шакли ҷинояти шарикӣ, устуворӣ мебошад, яъне аъзо (иштирокдорон)-и гурӯҳро, чун қоида, мақсади якҷоя дар тӯли муайяни замонӣ содир кардани ҷиноятҳои бешумор муттаҳид месозад. Танзими пурраи фаъолияти гурӯҳҳо ва аъзои алоҳидаи он ҷиҳати омодагӣ, ба нақша гирифтани фаъолияти ҷинояткорон, тақсими нақшҳо дар байни аъзои гурӯҳ табиатан худ ба худ вуҷуд доштани роҳбар (ташкилотчӣ)-ро тақозо менамояд. Гурӯҳи муташаккил, ки қасди якҷояи фаъолияти ҷиноятӣ онро муттаҳид сохтааст, ҳатто барои содир намудани танҳо як кирдори ҷиноятие, ки омодагии махсусро талаб менамояд, созмон дода мешавад. Бо мурури замон гурӯҳи шахсони пешакӣ барои содир намудани ҷиноят созишбаста метавонанд хусусияти устувориро молик гашта, ба гурӯҳи муташаккил табдил ёбад. Мусаллаҳ будан аломати ҳатмии гурӯҳи муташаккил нест.
Гурӯҳи муташаккил метавонад аз ҳамшарикон иборат бошад, ки нақшҳои гуногунро дар байни худ тақсим карда (ташкилкунанда, иҷрокунанда, таҳрикдиҳанда, ёридиҳанда), бевосита дар содир намудани ҷиноят иштирок варзанд. Иштирокдорони гурӯҳи муташаккил вобаста ба вазъият нақшҳои худро метавонанд, иваз намоянд. Шахсе, ки иштирокдори доимии гурӯҳи муташаккил нест, вале як маротиба барои амалисозии фаъолияти зиддиҳуқуқии онҳо кумак намудааст, мумкин аст барои кумак дар содир намудани ҷинояти алоҳида ҷавобгар карда шавад. Гурӯҳи муташаккил бештар ҷиноятҳои ғаразноки хавфнок (дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ) ва ҷиноятҳои муқобили шахсият, ҳамчунин дуздии аслиҳа, муҳиммоти маводди тарканда, воситаҳои таркиш ва ғайраро содир менамояд.
Шахсе, ки гурӯҳи муташаккил таъсис додааст ё ба он роҳбарӣ кардааст, барои ташкил, роҳбарӣ ва содир намудани тамоми ҷиноятҳои бо мақсади муайян анҷомдода, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дигар иштирокдорони гурӯҳи муташаккил барои иштирок дар он барои ҷиноятҳое, ки дар омодагӣ ё содир кардани онҳо ширкат варзидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Иштирокдори гурӯҳи муташаккил, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани ҷиноят дар ошкор намудани нияти ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурӯҳи муташаккил / Т. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998.