Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд
«Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд» — ташкилоти инқилобии коргарон, хидматчиён ва аскарону афсарони рӯҳияи инқилобидоштаи гарнизони маҳаллӣ, яке аз нахустин ташкилоти инқилобӣ дар Тоҷикистон.
Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд баҳори соли 1905 таъсис ёфта, бо Кумитаи петроградии РСДРП робита дошт. Минбаъд «Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд» дар истгоҳи роҳи оҳани Драгомирово (ҳоло ноҳияи Спитамен) ва Истаравшан ячейкаҳои худро ташкил намуда, дар байни заҳматкашон варақаҳои инқилобӣ паҳн мекард. Дар натиҷаи таъқиботи шуъбаи бехатарӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Русияи подшоҳӣ «Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд» пароканда шуда, як қисми аъзоёни он ба пинҳонкорӣ гузаштанд. Дар арафа ва давраи аввали Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳаракатҳои инқилобӣ таҳти роҳбарии болшевик Е. А. Иванитский аз нав фаъолияти худро вусъат дода, моҳҳои ноябр-декабри 1917 «Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд» ба расмият дароварда шуд. Моҳҳои апрел-июни 1918 ташкилоти болшевикии навоҳии шимоли Тоҷикистон, хусусан Ташкилоти болшевикии Хуҷанд бо сардории Е. А. Иванитский ташаккул ёфтанд. Бо афзудани сафи аъзои он ва дар маҳалҳо таъсис ёфтани ячейкаҳои ҳизбӣ моҳи июни 1918 Ташкилот ба Кумитаи ҳизбии уездию шаҳрӣ табдил дода шуд. Моҳи декабри 1918 дар Анҷумани 1-уми Ҳизби Коммунистии (б) уезди Хуҷанд, Кумитаи ҳизбии уездию шаҳрии болшевикони Хуҷанд интихоб гардид.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурӯҳи сотсиал-демократии Хуҷанд / А. Ғафуров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.