Гурӯҳи хунӣ (Typi (gruppae) sanguinis) — аломатҳои ирсии хун, ки бо маҷмӯи моддаҳои махсуси фардӣ муайян гардида, антиген ё изоантиген ном гирифтаанд. Дар асоси ин аломатҳо хуни тамоми одамон, сарфи назар аз нажод, синну сол ва ҷинс ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад. Мансубияти одам ба ин ё он гурӯҳи хунӣ хусусияти фардии биологии ӯ буда, ташаккули он ҳанӯз аз давраи аввали инкишофи батнӣ сар мешавад ва дар тӯли тамоми ҳаёти минбаъда бетағйир мемонад.

Нақшаи интиқоли хунҳои мухталиф

Алалхусус изоантигенҳои эритросит (ҳуҷайраҳои сурхи хун) – изоантигенҳои А ва изоантигенҳои В, инчунин дар зардоби хуни баъзе одамон бар зидди онҳо мавҷуд будани изоантиҷисмҳо – изоантиҷисми α (алфа) ва изоантиҷисми β (бетта) аҳамияти амалӣ доранд. Дар хуни одам якҷоягии фақат изоантигенҳо ва изоантиҷисмҳои ҳархела (мас., А + β ва В + α) мумкин аст, чунки дар мавриди якҷоя будани изоантиген ва изоантиҷисмҳои якхела (мас., А ва α) эритроситҳо ба ҳамдигар часпида, лӯндачаҳое ҳосил мекунанд, ки дар натиҷа одам мемирад. Аз рӯи дар таркиби хун вуҷуд доштан ё надоштани изоантигенҳои А ва В, инчунин изоантиҷисмҳои α ва β хунро ба 4 гурӯҳ ҷудо ва бо рамзҳои ҳарфӣ ва рақамӣ ифода менамоянд: Оαβ (I) – гурӯҳи хуне, ки фақат изоантиҷисмҳои α, β дорад; Аβ (II) – гурӯҳи хуне, ки изоантигени А ва изоантиҷисмҳои β дорад; Вα (III) – гурӯҳи хуне, ки изоантигени В ва изоантиҷисми α дорад; АВО (IV) – гурӯҳи хуне, ки фақат изоантигени А ва В дорад. Бинобар ин дар аснои аз як шахс ба шахси дигар гузаронидани хун ҳаминро ба назар гирифтан зарур аст, ки дар хуни донор бар зидди изоантигенҳои хуни бемор изоантиҷисм набошад. Гузаронидани хуни яке ба дигаре дар сурати як хел будани гурӯҳи хуни ҳарду айни муддаост.

Таълимот доир ба гурӯҳи хунӣ

вироиш

Таълимот доир ба гурӯҳи хунӣ охири садаи XIX ба вуҷуд омад. Он яке аз қисматҳои муҳими иммунологияи умумӣ ва асоси хунгузаронӣ барин усули муҳими табобатро ташкил медиҳад. Таълимот оид ба гурӯҳи хунӣ дар ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекология, тибби судӣ, инчунин дар антропология ва генетикаи одам амалан татбиқ ёфт. Донистани хусусиятҳои изоантигении организми одам ҳангоми пайванди узвҳо ва бофтаҳо зарур аст.

Омӯзиши гурӯҳи хунӣ

вироиш

Омӯзиши гурӯҳи хунӣ гуногунии изоантигени А-ро ошкор намуд. Аз ин рӯ, зергурӯҳи А1 (дар 88% одамон) ва зергурӯҳи А2 (дар 12% одамон)-ро фарқ мекардагӣ шуданд. Дар шароити имрӯза имконияти фарқ кардани навъҳои бо душворӣ зоҳаршавандаи эритроситҳои А3, А4, А5, Аz ва ғ. ба вуҷуд омад. Бо вуҷуди он ки изоантигени В баръакси изоантигени А хеле якранг аст, навъҳои кам дучорояндаи ин антиген низ маълум карда шудаанд (В3, Вw, Вх ва ғайра).

Ғайр аз изоантигенҳои А ва В дар эритроситҳои баъзе одамон антигенҳои махсуси Н ва О мавҷуданд. Чунончи ин антигенҳо дар эритроситҳои одамони гурӯҳи хунашон Оαβ (I) ҳамеша вуҷуд доранд. Антигени Н чун изоантигенҳои А ва В дар моеъҳои биологии шахсоне, ки бо тарашшӯҳот қобилияти ҷудо кардани изоантигенҳоро доранд, дучор меояд; антигени О бошад, бо тарашшӯҳот ҷудо намешавад ва масъалаи мавҷудияти ҷудогонаи он низ пурра ҳал нагардидааст.

Изоантигенҳо дар эритроситҳо аз моҳи дуюми ҳаёти батнӣ пайдо мешаванд. Миқдори изоантигенҳои эритроситҳо тақрибан дар синни 3-солагӣ ба дараҷаи баланд мерасад ва дар пиронсолӣ кам хоҳад шуд. Ҳаминаш ҷолиби диққат аст, ки маҷмӯи изоантигенҳои хуни одам, ки фардияти хоси ӯро муайян мекунанд, дар тӯли тамоми ҳаёт сарфи назар аз бемориҳо ва ба организм таъсир расондани омилҳои физикию химиявӣ тағйир намеёбад. Дар давоми ҳаёти одам метавонад фақат таркиби миқдории изоантиҷисмҳо тағйир ёбад, аммо сифатан онҳо бетағйир мемонанд. Изоантиҷисмҳо бар зидди антигенҳои системаи АВО дар моҳҳои аввали баъди тавлиди кӯдак пайдо мешаванд. Дар синни 5 – 10-солагӣ миқдори онҳо ба дараҷаи баландтарин мерасад ва солҳои зиёд ҳамин тавр боқӣ мемонад; танҳо дар давраи пиронсолӣ изоантиҷисмҳо тадриҷан кам мешаванд. Дар баробари изоантиҷисмҳое, ки дар одамон мувофиқи меъёр вуҷуд доранд, дар хун изоантиҷисмҳои дигаре низ вомехӯранд, ки онҳо дар натиҷаи ба организм ворид гардидани антигенҳои аз ҷиҳати гурӯҳ номувофиқ ҳосил мешаванд: мас., ҳангоми гузаронидани хуни гурӯҳаш номувофиқ (хоҳ таркибан пурра бошад, хоҳ ҷузъҳои алоҳидаи он – эритроситҳо, лейкоситҳо, плазма) ё дар сурати гузаронидани моддаҳои аз ҳайвонот ҳосилшуда, ки ба антигенҳои гурӯҳи А ва В-и одам мушобеҳанд; дар давраи ҳомилагӣ дар сурате, ки хуни кӯдак ба гурӯҳи хуни модараш мувофиқ нест; дар мавридҳои бо мақсади муолиҷаю пешгирии бемориҳо истифода бурдани баъзе зардобу ваксинаҳо ва ғ. Дар баъзе хелҳои бактерияҳо моддаҳои мушобеҳи изоантигенҳо дучор меоянд, пас ин қабил бактерияҳои бемориовар метавонанд боиси ҳосил гардидани антиҷисмҳои масуниятӣ бар зидди эритроситҳои гурӯҳи А ва В шаванд. Ба назар гирифтани мавҷудияти антиҷисмҳои зиёди масуниятӣ дар хуни одамони гурӯҳи Оαβ (I) аҳамияти калони амалӣ дорад, зеро гузаронидани хуни чунин донорҳо барои бемор метавонад боиси орзаи вазнин гардад. Хуни чунин донорҳо бояд фақат ба беморони гурӯҳи хунашон якхела гузаронда шавад.

Аз рӯи аҳамият дар тибби амалӣ баъди изоантигенҳои системаи АВО гурӯҳи хунии системаи Rh (Rhesus – резус) дар ҷои дуюм меистад. Он яке аз мураккабтарин системаҳои хун буда, зиёда аз 20 изоантигенро дарбар мегирад. Изоантигенҳои системаи Rh-ро с. 1940 К. Ландштейнер ва А. Винер бо ёрии эритроситҳое, ки аз маймунҳои макак-резус гирифта шудаанд, кашф карданд. Муқаррар шудааст, ки дар 85%-и одамон эритроситҳо резус-омил (Rh – омил) дошта, дар 15%-и дигар онро надоранд. Мувофиқан, аз рӯи будан ё набудани Rh – омил одамонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: резус-мусбат ва резус-манфӣ. Дар организми модаре, ки хуни ӯ Rh – омил надорад, зери таъсири антигени ҷанин, ки аз резус-мусбати падар гузаштааст, бар зидди ин антиген антиҷисм ҳосил мешавад; он ба эритроситҳои ҷанин таъсир расонда, боиси гемолиз (вайроншавӣ)-и онҳо мегардад. Ҳамин тавр, резус-зиддият ба вуҷуд меояд, ки ба сифати бемории хун зоҳир дошта, оқибатҳои марговар дорад. Агар ба шахси хунаш резус-манфӣ такроран хуни резус-мусбат гузаронида шавад, резус-зиддият ба вуҷуд меояд.

Ғайр аз изоантигенҳое, ки дар эритроситҳо ҷой доранд, дар дигар унсурҳои таркибии хун низ изоантигенҳо вомехӯранд ва онҳо фақат ба ҳамин таркибҳои хун хосанд. Ҳамин тавр, мавҷудияти гурӯҳи лейкоситарӣ муқаррар карда шуд, ки зиёда аз 40 антигени лейкоситҳоро дарбар мегирад.

Инчунин гурӯҳи сафедаҳои зардоб вуҷуд дорад, ки онҳо ба иммуноглобулин, албумин, посталбумин, α-, β-, γ-глобулинҳо ва липопротеидҳо ҷудо мешаванд.

Изоантигенҳое, ки ба диг. системаҳои хуни одам мансубанд, нисбат ба системаи АВО ва Rh амалан аҳамияти кам доранд, аммо барои тибби судӣ, генетика, антропология муҳиманд.

Аломатҳои гурӯҳии хун бо омилҳои ирсӣ муайян карда мешаванд, яъне хусусияти антигении хуни кӯдакон қатъиян ба мансубияти гурӯҳии хуни волидон вобаста аст. Ин имкон медиҳад, ки дар амалияи судӣ масъалаҳои мураккаби баҳснок (мас., падарӣ) ҳал карда шаванд: 1) мард дар сурате падар ҳисоб карда намешавад, ки агар дар хуни ӯ ва модари тифл антигенҳое, ки кӯдак дорад, мавҷуд набошанд, зеро антигенҳои падару модар надоштаро бояд кӯдак низ надошта бошад; 2) мард инчунин дар ҳамон сурат падар дониста намешавад, ки агар кӯдак антигени «падараш»-ро надошта бошад, мас., марди гурӯҳи хунаш АВ (IV) ба кӯдаки гурӯҳи хунаш O (I) падар шуда наметавонад.

Муайянкунии гурӯҳи хунӣ

вироиш

Гурӯҳи хуниро тавассути ошкор намудани изоантигенҳои таркиби эритроситҳо бо ёрии зардобҳои стандартӣ (меъёрӣ) муайян мекунанд. Махсусан ошкор намудани гурӯҳи хунии системаи АВО аҳамияти калони амалӣ дорад, ҳол он ки нафақат изоантигенҳои эритроситҳо, балки бо ёрии эритроситҳои стандартӣ изоантиҷисмҳои зардоб низ муқаррар карда мешаванд. Муайян намудани гурӯҳи хунии системаи АВО бо ёрии реаксияи агглютинатсия (пайвастшавии эритроситҳо бо изоантиҷисмҳои зардобии мувофиқ) дар ҳарорати хона дар лавҳачаи сафеди болояш тар гузаронида мешавад. Натиҷаи ниҳоии реаксия баробари пайдо шудани доначаҳои сурх, ки аз эритроситҳои пайваст иборатанд (реаксияи мусбат), ё аз рӯи бетағйир мондани он (реаксияи манфӣ) маълум мегардад. Барои ба хато роҳ надодан, реаксияро бо ду намуна (аз ду серияи гуногун)-и зардоби стандартии ҳар кадом гурӯҳ мемонанд.

Адабиёт

вироиш