Гурӯҳҳои ғайрирасмӣ
Гурӯҳҳои ғайрирасмӣ — умумият ё иттиҳодияҳое, ки манфиатҳои умумӣ онҳоро ба ҳам овардааст, вале мақсад ва қоидаҳои фаъолияташон ба таври махсус эътироф нагаштаанд, ё худ онҳо чунин мақомро расман гирифтан намехоҳанд. Гурӯҳҳои ғайрирасмӣ хеле гуногунанд: гурӯҳи дӯстон, ҳамшаҳриҳо, қавмӣ ва ғ. Фаъолияти гурӯҳҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи гуногун баҳогузорӣ мегардад. Агар амали гурӯҳҳои ғайрирасмӣ хислати зиддиҷамъиятӣ надошта бошад, он гоҳ мавҷудияти онҳо падидаи мусбат ба шумор меравад, вале агар фаъолияти онҳо бар зарари дигарон ва аҳли ҷомеа сурат гирад, он амали иртиҷоӣ маҳсуб меёбад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурӯҳҳои ғайрирасмӣ / Г. Зокиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.