Густаҳам
Густаҳам[1] (форсӣ: گُسْتَهَم) — писари Нӯзар ва бародари хурдтари Тӯс дар Шоҳномаи Фирдавсӣ. Ӯро Кайхусрав пас аз фатҳи қисмате аз Турон ба унвони фармонравои он мансуб мекунад. Ӯ яке аз панҷ қаҳрамонест, ки Кайхусравро дар биёбон ҳамроҳӣ мекунад то инки Кайхусрав бо фаришта Сурӯш мулоқот мекунад ва нопадид мешавад. Ҳамаи онҳо дар сафари бозгашт дар тӯфони барф мемиранд.
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
---|