Гуфтушунидҳои байналхалқӣ
Гуфтушунидҳои байналхалқӣ- дар низоми воситаҳои ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ мақоми хосаро доро буда, ҳамчун тарзи ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ дар робитаи бевоситаи субъектҳои манфиатдори ҳуқуқи байналхалқӣ ифода мегардад. Гуфтушунидҳои байналхалқӣ вобаста ба доираи иштирокчиён ба гуфтушунидҳои сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо вазирони корҳои хориҷӣ, сарварони намояндагони дипломатӣ, инчунин бо иштироки шахсони салоҳияти махсусдошта ҷудо мешаванд. Гуфтушунид ба расмӣ ва ғайрирасмӣ тақсим мешавад. Гуфтушунидҳо аз нигоҳи шакл (шифоҳӣ, хаттӣ) ва миқдори иштирокчиён (дутарафа, бисёртарафа ва дар доираи ташкилоти байналхалқӣ) фарқ менамоянд. Дар ҳуқуқи байналхалқӣ муҳлати муайяни гузаронидани гуфтушунидҳо муқаррар нашудааст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 132