Гӯтебург
Гӯтебург (швед. Göteborg /jœte'bɔrj/) — шаҳр дар қисми ҷанубу ғарбии Суэд.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
швед. Göteborg | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1621[1][2] | ||||
Масоҳат | |||||
Баландии марказ | 12 м[4] | ||||
Минтақаи замонӣ | Central European Summer Time[d], UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 31 | ||||
Нишонаи почта | 400 10–418 79 | ||||
Хатои Lua: expandTemplate: template "ref-sv" does not exist. | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маркази маъмурии музофоти Вестра Гёталанд. Дар резишгоҳи дарёи Гёта-Элв ва соҳили гул. Каттегат ҷойгир аст. Аҳолиаш 534,8 ҳазор нафар (2013). Бандари асосии баҳрии Шветсия (аз соли 1921 бандари озод, гардиши бори солона 36, 9 млн т). Алоқаи нақлиёти обии Г. бо Фредериксхавн, Кил, Кристиансанн тариқи паром сурат мегирад. Тавассути наҳри Гёте ба баҳри Балтика мепайвандад. Маркази роҳҳои автомобилгард ва р. о. мебошад. Фурудгоҳи байналмилалӣ (Ландфеттер) дорад. Дар асри 11 дар наздикии резишгоҳи дарё қалъаи Элвборг бино шудааст. Маскуншавии аҳолӣ аз соли 1603 оғоз шуда, ҳангоми ҷанги Калмерс (1611-13) хароб гирдидааст. Соли 1619 аз тарафи шоҳ Густави II Адолф барқарор карда шуд. Аз соли 1621 мақоми шаҳрро гирифт. Дар Г. ҳолландиҳо, шотландиҳо маскун шуда, деворҳои қалъа, бандару наҳрҳо бунёд карданд. То миёнаҳои асри 17 бандари ягонаи соҳили ғарбии Шветсия, пас аз таъсиси ширкати шведии Ост-Инд (1731) ба бандари бузурги баҳрӣ табдил ёфт, ки тавассути он бо давлатҳои Осиё робитаҳои тиҷоратӣ ташкил карда шуд. Соли 1841 корхонаи бузурги киштисозӣ ва таъмири онҳо (верф) кушода шуд. Соли 1865 дар Г. «Тартиботи Гётеборг» ҷорӣ гардид, ки тибқи он маблағҳои аз ҳисоби фурӯши машрубот бадастомада барои сохтмони хоҷагии коммуналӣ (манзилӣ) масраф мегардид. Г. маркази бузурги саноатӣ ва тиҷоратию нақлиётии мамлакат буда, дар он саноати киштисозӣ, мошинасозӣ (заводи «Волво» соли 1926 ташкил ва соли 1999 аз тарафи ширкати «Форд» харидорӣ шудааст), саноати истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва телекоммуникатсия (заводи «Эрикссон»), истеҳсоли саққочанбаракҳо (шарикоподшипник), саноати коркарди нафт ва нафту кимиё, коркарди чӯб, пӯст, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ (машрубот, моҳӣ) ва тамоку тараққӣ кардаанд. Қисми бештари шаҳр дар соҳили рости дарёи Гёта-Элв ҷойгир шудааст. Дар маркази шаҳр бештар биноҳои ибтидои асри 20 бунёдшуда ҷойгиранд. Аз ёдгориҳои меъморӣ қалъаи Элвборг (асри II), маҷмааи Кронхусет (1643), ратуша (1672), бинои ширкати Ост-Инд (1750), калисои ҷомеи Густави Домчюрка (1633), калисоҳои Хагачюрка (1859), Мастхюггсчюрка (1814) боқӣ мондаанд. Донишгоҳи Гётеборг (1891), Донишгоҳи технологии Калмерс (1829), нигористони бадеӣ, осорхонаҳои шаҳрӣ, санъат, таърихӣ, баҳрнавардӣ, маданияти ҷаҳонӣ (2004), осорхонаи Рёхска (дизайн ва санъати амалӣ), осорхонаи Волво, таърихи табиатшиносӣ, кашфиётҳои илмӣ ва ҳарбӣ дорад. Дар Г. театрҳои опера ва шаҳрӣ, оркестри симфонӣ, боғи ботаникӣ, боғи ҳайвонот, боғи ҳайвоноти тропикӣ, чаҳорбоғи Лисеберг (1923), боғи фароғатӣ, маҷмааи варзишии Скандинавиум мавҷуданд. Ҳар сол фестивали синамо баргузор мешавад. Дар канори шаҳр фароғатгоҳи соҳилӣ (пляж)-и Лиллебю-Хавсбад ҷойгир шудааст. Соли 2006 дар Г. чемпионати Аврупо оид ба варзиши сабук ва соли 2008 Чемпионати ҷаҳон оид ба рақси рӯи ях баргузор шуд. Клуби футболи «Гётеборг» ду бор сазовори ҷоми кубоки УЕФА гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://goteborg.se/wps/portal/start/kommun-o-politik/kommunfakta/historia/om-historia/!ut/p/z1/hY5BC4IwHMU_jdf9p5XbutnBSCUNAm2XUFlTcE7matCnz45B0bs93u_xHnCogI_1o5e17fVYD4u_8PBa-MmJ7vwI53sW48M5LeJjmuVk5UP5D-BLjH8owpAA7xuFXKsQRkGwITSgjFGypixk5L0fjc2KSuBG3IQRBt3Ncquzdpq3Hvawcw5JreUgUKuVh79VOj1bqD5JmFT1zEQZvQCPuDee/dz/d5/L2dBISEvZ0FBIS9nQSEh/
- ↑ https://www.goteborg.com/goteborgs-historia-och-arv/
- ↑ Statistiska tätorter 2020, befolkning, landareal, befolkningstäthet per tätort — Statistics Sweden, 2021.
- ↑ https://it-ch.topographic-map.com/map-dzf3kl/G%C3%B6teborg/?zoom=19¢er=57.70675%2C11.9658&popup=57.70693%2C11.96595
- ↑ Statistiska tätorter 2018 – befolkning, landareal, befolkningstäthet — Statistics Sweden, 2021.
Сарчашма
вироиш- Гётеборг // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.