Давид Георгиевич Гурамишвили (гурҷӣ: დავით გიორგის ძე გურამიშვილი; 1705[1][2][3], Saguramo[d], Kingdom of Kartli[d]21 июл [1 август] 1792, Myrhorod[d], Poltava Governorate[d]) — шоири гурҷӣ.

Давид Гурамишвили
Таърихи таваллуд: 1705[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 июл (1 август) 1792
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, ходими низомӣ
Жанр: шеър
Забони осор: гурҷӣ[4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Бинобар ашъораш, ӯ дониши хуби динию дунявӣ дарёфт кардааст. Дар ҷавонӣ ба асорати лазгиҳо афтода, ба Руссия фирор кард. Солҳои 1729-30 дар Маскав аз надимони шоҳ Вахтанги IV буд. Соли 1738, пас аз он ки табаияти Руссияро пазируфт, ҳамчун сарбози қаторӣ дар як полки саворанизоми гурҷӣ ба лашкари Руссия пайваста, дар Ҷанги ҳафтсола 1756-63 ширкат кард ва асири пруссиягиҳо шуд (1758). Аз хидмати сарбозӣ истеъфо дода, соли 1760 дар Миргород ба кишоварзӣ машғул шуд. Маҷмӯаи ҳасбиҳолии «Давидиани» (1787, ки ду достон — «Бадбахтиҳои Гурҷистон», «Чӯпон Катсивая» ва ашъори лирикашро дар бар гирифтааст), рисолаи таълимии «Дастуре барои донишомӯзон» аз осори маъруфи ӯ ба шумор мераванд. «Давидиани» санади муҳиммест, ки рӯзгори сиёсии Гурҷистонро дар асри 18 бозтоб мекунад. Дар достони «Бадбахтиҳои Гурҷистон», ки аз фоҷиаи таҷовузи аҷнабиён ба Гурҷистон ривоят мекунад, Г. аз мавқеи як шаҳрванди ватанпараст ихтилофҳои байниҳамдигарӣ ва ҷангҳои хонумонсӯзи дохилиро маҳкум карда, ба якпорчагию ваҳдати миллӣ даъват кардааст. Ӯ баробари тараннуми рӯзгори кишоварзон, суннатҳои неку самимияту зиндадилии ононро ситоиш мекард. Назми Г. бо сабки зариф эҷод шуда, аз алфози мардумию ҳазлу шӯхӣ шодоб аст. Осораш ба назми асрҳои 18-19-и Гурҷистон таъсири бузург расонидааст.

Адабиёт

вироиш