Давлаталӣ Саид (Давлаталӣ Шомаҳмадович Саидов) — ходими давлатии тоҷик. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон (аз 5 январи 2023)[1].

Давлаталӣ Саид
парчам
5 январ 2023-умин Раиси вилояти Хатлон
Таваллуд 30 март 1970(1970-03-30) (54 сол)
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

30 марти соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллат — тоҷик

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2008 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ, иқтисодиёти миллӣ

Солҳои 1993-2005 — кор дар вазифаҳои гуногун дар Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2007 — Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон.

Аз 19 октябри соли 2009 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъйин гардида, то 5 январи соли 2023 дар ин вазифа кор кард.[2]

Аз 5 январи 2023 — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон.[1].

Мукофот ва ҷоизаҳо

вироиш
  • ордени Шараф дараҷаи II
  • медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».