Давлати Мана
Манна яке аз вилоятҳои қадими ориёи дар шимолу-шарқи Эрон буд. Шоҳони Ассирия дар асри IX п.м. чандин маротиба ба ин вилоят ҳуҷум карда, онро ғорат мекунанд, аммо ишғол карда наметавонанд. Мана дар асри VIII п.м. як қатор вилоятҳои ҳамсояро ишғол карда, ба подшоҳии нисбатан калон табдил меёбад. Дар назди шоҳ шӯро амал мекард, ки аз хешовандони ӯ ва ашрофон иборат буд. Дар идораи давлат авлодони шоҳ, ашрофон, сарлашкарон, сардорони қалъаҳо мавқеи асосиро ишғол мекарданд. Соҳаи асосии иқтисодиёт зироаткорӣ ва чорводорӣ, аз ҷумла асппарварӣ буд. Ғуломон буданд, аммо дар иқтисодиёт мавқеи асосиро истеҳсолкунандагони озод ишғол мекарданд. Маданият ва санъат тараққӣ карда буданд, хат ва дабирони касбӣ вуҷуд доштанд.[1]
Адабиёт
вироиш- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 29.