Давлати Хоразми Бузург
Давлати Хоразми Бузург. Хоразм ҳамчун яке аз кишварҳои ориёӣ дар Авесто ёд шудааст. Баъзе муҳаққиқон Давлати Каёниён-ро дар Хоразм ҷой медиҳанд. Мутобиқи ахбори Ҳеродот водии дарёи Акес (Ҳерируд ва Теҷен) ба хоразмиён тааллуқ дошт. Дар ин асос муҳаққиқони муосир фарзияе пешниҳод карданд, ки пеш аз давлати Мод иттиҳоди Давлати Хоразми Бузург вуҷуд дошт, ки қисми зиёди Осиёи Миёна, аз ҷумла Суғдро низ дар бар мегирифт ва маркази он дар минтақаи Марв ва Ҳирот љойгир буд. Аммо ин фарзияро бе чунучаро қабул кардан мумкин нест, он санад ва тадқиқоти иловагиро талаб мекунад. [1]
Адабиёт
вироиш- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 29.