Давлати демократӣ
Давлати демократӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли давлатдории Тоҷикистонро демократӣ эълон намуд (моддаи 1 Конститутсия), ки маънои ҳақиқиаш ҳокимияти халқӣ мебошад. Барои ҳақиқатан ин талаботи конститутсиониро амалӣ кардан давлат тарзу воситаҳоеро истифода мебарад, ки барои амалӣ гаштан и ҳокимияти халқӣ мусоидат мекунад. Аз ҳама муҳимтарин омилҳое, ки давлати демократӣ будани онро ифода мекунад ин истифодаи шаклҳои демократияи бевосита мебошад. Халқ дар давлати демократӣ ҳокимиятдории худро ё бевосита ва ё ба воситаи вакилони интихобнамудаи худ ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебарорад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 136
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |