Боҳирҷон Давлатов (30.01.1938, д. Оҳалики ноҳияи Самарқанд — 02.04.1995, Душанбе), агроном, муҳаррир. Номз. илмҳои кишоварзӣ (1982). Фак. агрономияи ИХҚТ (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм кардааст (1962). Пас аз хатми мак. олӣ муҳар. шуъбаи хоҷ. қишлоқи нашр. «Ирфон» (1962–64), муттах. ИТИ зироаткории АИ хоҷ. қишлоқи Тоҷикистон (1965–1990), сармутах. ИТИ иқт. ва банақшагирӣ бо методҳои иқт. ва мат. назди Ком. давл. банақшагирии Тоҷикистон (1990–1995) шуда кор кардааст. С. 1982 дар ш. Тошкент дар мавзӯи «Таъсири камтарини коркарди байни қаторҳои пахта ба қадкашӣ, нашъунамо ва ҳосилнокии майдони пахта дар шароити навобёришавандаи заминҳои водии Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номз. дифоъ намудааст. Муаллифи якчанд дастури амалӣ ва даҳҳо мақолаи соҳаи хоҷ. қишлоқ мебошад. Бо Ифтихорномаи Фахрии Ваз. хоҷ. қишлоқ ва ИТИ АИ хоҷ.қишлоқи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Давлатов Боҳирҷон
Боҳирҷон Давлатов
Таърихи таваллуд 30 январ 1938(1938-01-30)
Зодгоҳ ноҳияи Самарқанд
Таърихи даргузашт 2 апрел 1995(1995-04-02) (57 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кишоварзӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6