Убайдулло Давлатов
Убайдулло Давлатов (Давлатов Убайдулло Абдуллоевич; 3 феврали 1952, деҳаи Қаросу, ноҳияи Орҷоникидзеобод) — давлатмарди тоҷик, Судяи дараҷаи олии тахассусӣ (1990), Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).
Таваллуд | 3 феврал 1952 (72 сол) |
---|
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (1975). Оператори Идораи марказии омори ҶШС Тоҷикистон (1968—1970), адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ (1975—1979), коромӯзи вазифаи судяи халқӣ (1979—1980), судяи суди ноҳияи Орҷоникидзеобод (1980—1986), раиси суди ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ; 1986—1987), судяи суди ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ; 1987—1990), раиси суди ноҳияи Фурунзе (ҳоло Сино; 1990)-и ш. Душанбе), узви Суди олӣ (1990—1994), раиси Суди олии ҳакамӣ (1994), раиси Суди олӣ (1995—2000), раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2005).
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2010), муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон (2010—2011), раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ (2011—2015).
Муаллифи 60 мақолаи илмиву оммавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ. Вакили шӯроҳои депутатҳои халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод (1981—1986) ва ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе (1986—1988) интихоб гаштааст. Аз марти 2015 дар нафақа.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени Иттиҳод (2008), медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Давлатов Убайдулло // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.