Давлатхоҷа Довудӣ
Давлатхоҷа Довудӣ (Давлатхоҷа Довутов; 11 ноябри 1950, деҳаи Равнов, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ — 26 августи 2022, Тоҷикистон) — бостоншинос ва сиккашиноси тоҷик, доктори илми таърих (2007), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010).
Давлатхоҷа Довутов | |
Таърихи таваллуд | 11 ноябр 1950 |
Зодгоҳ | деҳаи Равнов, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 26 август 2022 (71 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, бостоншиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Алма-матер |
Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1972) Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1979) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (1972). Лаборанти калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Ааҳмад Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1972—1974), коромӯз ва аспиранти Шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1974—1979), ходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмад Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1979—2011), сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон (аз 2011).
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи 14 рисола ва беш аз 200 мақолаи илмӣ-оммавӣ. Дастовардҳои илмии Давлатхоҷа Довудӣ дар бахши сиккашиносӣ: таҳқиқи дафинаи сиккаҳои мисии темурӣ (1967 адад), дафинаи дирҳамҳои Чағониён (3082 дона), 97 дафинаи сиккаҳои қадим ва асримиёнагии Тоҷикистон, сиккаҳои мисии сомонӣ дар Хатлон, дирҳами нодири Қарохони Узгандӣ, сиккаи мисии темурии Бадахшон, тангаи мири Бадахшон Увайс ва ғайра.
Давлатхоҷа Довудӣ дар ковишҳои бостоншиносии 18 ёдгорӣ, аз қабили Вашгирд, Кӯлоб, Панҷакенти Қадим, қалъаҳои Кум, Гарданаи Ҳисор, Ҳисорак, Ҳулбук, Ҳалқаҷар, Золи Зар, Хонақоҳ, Чимқӯрғон ва ғайра ширкат кардааст. Солҳои 2012—2015 дар ҳайати гурӯҳи байналмилалии бостоншиносон ба ҳафриёти ёдгориҳои Миси Айнаки вилояти Лугари Афғонистон машғул буд.
Бо роҳбарии Давлатхоҷа Довудӣ 1 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дар симпозиумҳои байналмилалии сиккашиносон, аз ҷумла дар Алмаато, Маскав, Машҳад ва Димишқ ширкат ва суханронӣ кардааст. Боби «Тиҷорату муомилоти пулӣ дар ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён» дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (2000) ва ҳашт боби «Таърихи халқи тоҷик» (барои мактабҳои олӣ, 2003) ба қалами Давлатхоҷа Довудӣ мансуб аст.
Осор
вироиш- Худжандский клад (15 – начало 16 вв.). Д., 1998;
- Вашгирд – ёдгори бостон. Д., 2005 (ҳаммуаллиф);
- Денежное обращение древнего и средневекового Хатлона (V в. до н.э. – начало XX в. н.э.). Д., 2006;
- Из истории Шайбанидов. Д., 2006; История Куляба с древнейших времен до наших дней. Д., 2006 (ҳаммуалиф.);
- Кӯлоб шаҳри қадиму шуҳратманд. Д., 2006 (ҳаммуаллиф);
- Клад чаганианских дирхемов XI в. из Хисара. Д., 2007;
- Монетные клады Таджикистана. Д., 2009;
- Вашгирд – шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон. Д., 2009 (ҳаммуаллиф);
- Клад кушанских монет из Вахшской долины. Д., 2010 (ҳаммуаллиф.);
- Клады средневековых монет. Д., 2011 (ҳаммуаллиф);
- Монетные находки на городищах Санджаршах и Мубаракшах. Д., 2012 (ҳаммуаллиф);
- Древние и средневековые монеты Дангары. Д., 2014;
- Сиккаҳои Ҳисори Шодмон. Д., 2015.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Довутов Давлатхоҷа // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Душанбе, 2016. — 720 с.