Давлатхӯҷа Исмоилов
Давлатхӯҷа Исмоилов (зод. 21 июни 1936, деҳаи Муллотемур, ноҳияи Тоҷикобод) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1996).
Таърихи таваллуд | 21 июн 1936 (88 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Муллотемур, ноҳияи Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1996) |
Зиндагинома
вироишАз давраи мактабхонӣ узви фаъоли дастаҳои ҳаваскорони санъат буд, баъди адои хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1960) дар Хонаи маданияти ноҳия аз корманд то роҳбари бадеӣ фаъолият намуда, беш аз чил сол дар рушди санъати зодгоҳ саҳм гузоштааст. Аз хонандагони хуби фалаки роғӣ ба шумор меравад, ки аз рӯи оҳанг ва кашиши овоз нисбат ба фалакхонии дигар манотиқи ҷумҳурӣ тафовут дорад.
Сурудаҳо
вироиш«Имшаб», «Гулҷабин», «Аз дасти ту», «Эй парӣ», «Хусрави хубон», «Як сабоҳе», «Ҷигаррешам», «Баҳор омад», «Садои дил», «Тоҷикистон», «Бесару сомон меравад», «Худо дорад», «Эй ошиқон», «Ошёни баланд», «Гулшани роз», «Таронаи гул», «Оҳуе дар кӯҳсор», «Рози дил», «Нури хуршед», «Кавгак», «Медонӣ» намунае аз таронаҳояш ҳастанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.