Давлатҷон Муқимов

сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1978)

Давлатҷон Муқимов (тав. 19.04.1948, ш. Қӯрғонтеппа (ҳоз. шаҳри Бохтар) — сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1978). Аз ҷавонӣ Муқимов дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат иштирок намудааст. С. 1963-1965 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати Боғи маданият ва истироҳатии ш. Қӯрғонтеппа, 1965-1974 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати ҷамъияти матлубот ва 1974-1981 Хонаи маданияти ш. Қӯрғонтеппа, 1981-1886 сарояндаи Театри драмаи мусиқии Қӯрғонтеппа буд. Аз соли 1986 методисти Хонаи маданияти к-зӣ онвақтаи ба номи М. Горкий н. Коммунистӣ шуда кор кардааст. Барномаҳои консертиашро бештар сурудҳои ишқию лирикӣ ва ватандӯстӣ ташкил медиҳанд. Ба сабки ҳофизии Акашариф Ҷӯраев бештар пайравӣ намудааст: («Ҷӯраҷонам», «Ёр гулсумане», «Алла», «Чорзарб» ва ғайра). Лауреати азназаргузарониҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ (Бӯстон – 1 ва 2). Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Давлатҷон Муқимов
Давлатҷон Муқимов
Ном ба ҳангоми таваллуд Наимҷон
Таърихи таваллуд 19 апрел 1948(1948-04-19) (76 сол)
Зодгоҳ Бохтар
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) сарояндаи тоҷик
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1978)
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.237. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)