Давлат Халифаев (Халифаев Давлат Раҳматович, 5 май 1946, Бодомту, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин9 январ 2023, Душанбе, Душанбе[1]) — дорушиноси тоҷик, доктори илмҳои фарматсевтӣ (2004), профессор (2006).

Давлат Халифаев
Таърихи таваллуд 5 май 1946(1946-05-05)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 январ 2023(2023-01-09) (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Дараҷаи илмӣ: Doktor Nauk in Pharmaceutics[d] (2004)

Зиндагинома

вироиш

Халифаев Давлат 5 майи соли 1946 дар деҳаи Бодомтуи ноҳияи Шӯробод ба дунё омадааст. Хатмкардаи Академияи дорусозии Пятигорск (1970) аст.

Корнома

вироиш

Муаллими фармакологияи Омўзишгоҳи тиббии Кӯлоб (1970—1973), корманди тиббӣ дар нақби Данғара (1974—1975), сардори идораи дорухонаҳои собиқ вилояти Кўлоб (1975—1980), аспиранти Академияи тиббии ш. Маскав ба номи И. М. Сеченов (1980—1984), мудири кафедраи технологияи фарматсевтӣ (1984—1995), декани факултаи фарматсевтии ДДТТ ба номи Ибни Сино (1995—1997), асосгузор ва директори Маркази илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии фарматсевтӣ оид ба коркарди доруҳои нав аз ашёи ватанӣ (1997—2008) буд. Аз соли 2008 вазифаи мудири кафедраи технологияи фарматсевтии ДДТТ ба номи Ибни Синоро иҷро кардааст[2].

Таҳқиқот

вироиш

Муаллифи зиёда аз 180 асару мақолаи илмист. Таҳқиқоташ ба истифодаи гилҳои бентонитии Тоҷикистон дар дорусозӣ, сохтор ва омўзиши доруҳои нав дар асоси равғанҳои эфирӣ, истифодаи маҳсулоти занбўри асал, коркарди технологии доруҳои фарматсевтӣ ва парафарматсевтӣ аз шираи камол бахшида шудаанд.

  • Влияние измельчения некоторых сульфаниламидных препаратов на технологические и биофармацевтические характеристики в готовых лекарственных формах. — М., 1983;
  • Таснифи ботаникӣ ва захиравии растании алкалоидии мастак. — Д., 2000;
  • Гил ва гилдавоӣ. — Д., 2002;
  • Тибби халқӣ — манбаи тавлиди дору. — Д., 2005;
  • Биоформатсия. — Д., 2006;
  • Қурсҳо. — Д., 2006
  1. Sputnik Тоҷикистон. Даргузашти профессори дорусози тоҷик(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (9 Январ 2023). 4 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2021) / Мураттибон Ф.Аминов, С.Гулов; Зери назари Ҷ.Х.Файзализода; Муҳаррирон Г. Маҳмудов, З. Гулмурод. — Душанбе: «ЭР-граф», 2020. С. 178—179. — 224 с.