Шамсуддин Алӣ Давоии Шерозӣ' (форсӣ: شمس الدین علی دوایی شیرازی‎; қарни XVI) — шоир ва пизишки[1] форс-тоҷик.

Давоии Шерозӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар баъзе маъхазҳо ӯро Гелонӣ низ гуфтаанд. Дар Шероз таваллуд шуда, дар Гелон ба воя расидааст. Давоӣ илмҳои гуногуни замон, махсусан тибро хуб медонист ва тахаллуси Давоӣ интихоб карданаш аз ҳамин сабаб аст. Тақии Кошӣ дар «Хулосату-ш-шуаро» Давоиро беназири замон ва дар дарёфти муаммо ва санъатҳои он аз бебадалон мешуморад. Тибқи иттилои Мир Алоуддавла (тазкираи «Нафоису-л-муосир»), Давоӣ аз авлоди олими аср − Мав­лоно Ҷалолуддин Муҳаммади Давонӣ аст. Давоӣ ба Ҳинд низ сафар кардааст ва қариб 20 сол дар дарбори ҳукм­р­они давр Ҷалолуддин Акбар (ҳукмронӣ 1556—1605) хидмат намуда, ба мартабаи ҳаким айнулмулуки мумтоз мерасад. Дар Ҳинд бо шоирону адибон Абулфазли Алло­мӣ, Тақии Ав­ҳа­дӣ, Қотеи Ҳиравӣ (муаллифи «Маҷмау-ш-шуарои Ҷаҳон­гиршоҳӣ»), Амин Аҳмади Розӣ ва дигарон дидору муло­қот кардааст. Давоӣ табъи равони шоирӣ дошта, ғазалро низ хуб мегуфтааст.

Намунае аз ғазалиёти Давоӣ:

Зи абри ғам на жола бар мани дилтанг меборад,
Зи таъсири ҳаводис бар сари ман санг меборад.
Чунон тунд аст бо аҳли дил он шӯхи ҷафопеша,
Ки гоҳи оштӣ аз ғамзаи ӯ ҷанг меборад.
Давоӣ, аз дари эҳсони ӯ куфр аст навмедӣ,
Ки абри файзи ӯ фарсанг дар фарсанг меборад.

Ҳеч вайронӣ нашуд пайдо, ки таъмире надошт,
Дарди бедармони ишқ аст, ин ки тадбире надошт.
Дар шаби зулфи сиёҳаш хоби маргам даррабуд,
Булъаҷаб хоби парешоне, ки таъбире надошт.

Адабиёт

вироиш