Давраи нашв
Давраи нашв, вегетатсия (vegetatio — зиндашавӣ, нашвунамо) — давраи барои рушду нумӯи рустаниҳо мувофиқи сол.
Давраи нашв дар манотиқи иқлимашон муътадил аз сардиҳои охири баҳорӣ то сардиҳои аввали тирамоҳ (давраи бесармо)-ро дар бар мегирад. Дар минтақаҳои иқлимашон тропикӣ ва қисман субтропикӣ давраи нашв тамоми сол идома меёбад. Дар шароити иқлими хушк (мас., дар биёбонҳо) ва қаҳратун (мас., дар тундра) давраи нашв хеле кӯтоҳ аст. Давомоти давраи нашв таркиби набототи худрӯй ва киштаи маҳалро муқаррар менамояд; 2) муҳлате, ки барои амалӣ шудани силсилаи комили нашвунамои рустанӣ зарур аст. Дар кишоварзӣ ин давра аз лаҳзаи кишт то ҷамъоварии ҳосилро дар бар мегирад. Давраи нашв муҳимтарин нишондоди биоиқлимист. Онро ҳангоми ба маҳал мутобиқ кардани ин ё он намуди рустанӣ, инчунин муқаррар намудани роҳҳои парвариши онҳо истифода мебаранд. Давраи нашв ду навъ мешавад: давраи нашв-и умумӣ барои маҳалҳои муайян ва давраи нашв-и зироат. Давраи нашв-и умумӣ барои маҳалҳои муайян мавсимест, ки дар давоми он тибқи шароити обу ҳаво рушду инкишофи рустаниҳо имконпазир мебошад. Давраи нашв-и зироат аз неш задани тухми рустаниҳо то пухтани мева ва тамоман хушкидани баргу пояи онҳо (дар рустаниҳои бисёрсола аз бедоршавии аввали баҳор то карахтии аввали зимистон)-ро дар бар мегирад. Давомоти давраи нашв ба шароити табиӣ, хосса ба мавқеи ҷуғрофиёӣ ва иқлими маҳал вобаста аст. Давраи нашв ба хусусиятҳои ирсии рустанӣ низ марбут буда, дар ҳар рустанӣ ҳар навъ давом мекунад. Хусусиятҳои ирсии рустаниҳои кишта дар мавзеъҳои муайян зери таъсири шароити берунӣ (бо роҳи интихоби сунъӣ, дурагакунӣ ва ғ.) ба вуҷуд меоянд. Ба давраи нашв намӣ, аэратсия ва туршии хок, инчунин миқдори нуриҳо низ таъсир мерасонанд (онҳоро бо роҳи агротехникӣ метавон танзим кард). Ба давомоти давраи нашв таъсири ҳарорат низ кам нест. Чунончи, бисёр намуди рустаниҳои гармипарвард (шолӣ, чойҷуворӣ, қаламфур, анҷир, анор, хурмо ва ғ.) бинобар нарасидани гармӣ дар ноҳияҳои шимол намерӯянд. Талаботи рустаниҳо ба гармӣ, одатан, аз рӯйи «ҷамъулҷамъи ҳарорати фаъол» муайян карда мешавад. Чунончи, дар ноҳияҳое, ки ҷамъулҷамъи ҳарорати фаъоли онҳо баробар ба 100—1400°С аст, метавон навъҳои барвақтии картошкаю зироати бехмеваро кишт кард. Мавзеъҳои ҷамъулҷамъи ҳарорати фаъолашон баробар ба 1400—2200°С барои парвариши гандум, ҷав, ҷавдор, зағир, картошка ва ғ. мувофиқанд. Ноҳияҳои ҷамъулҷамъи ҳарорати фаъолашон 2200-3500°С барои боғдорӣ, зиёда аз 4000°С барои парвариши рустаниҳои бисёрсолаи субтропикӣ пешбинӣ шудаанд.
Шароити табиию иқлимии бисёр водиҳои Тоҷикистон барои киштукор дар тамоми сол мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки тирамоҳу зимистону баҳор сабзавот, гандуми тирамоҳӣ ва зироати хӯроки чорво, тобистон пахта, ғалла (гандуми баҳорӣ, ҷав, ҷуворӣ, шолӣ, зағир ва ғ.), картошкаю сабзавот ва зироати полизӣ рӯёнда шавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ давраи нашв ҳамагӣ 3-4 моҳ давом мекунад. Давомоти давраи нашв-и зироати кишоварзӣ чунин аст: пахтаи сафед 130—180, гандуми тирамоҳӣ 250—260, чойҷуворӣ 120 −136, ҷуворӣ 90-100 ва картошка 90-110 рӯз.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Давраи нашв // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.