Дакан
Дакан (ҳиндӣ: दक्खिन, Даккҳин; англ. Deccan Plateau, аз санскр. दक्षिण дакшина патҳа — самти ҷануб) — минтақаи паҳнкӯҳ дар қисми марказии нимҷазираи Ҳинд, ки марзаш дар шимол аз соҳили Дакан Нарбада, дар ҷануб то Дакан Кавери тӯл кашида, ҳудуди имрӯзаи иёлоти Мадҳия-Прадеш, Ҷҳаттисгарҳ, Орисса, Андҳра-Прадеш ва Карнотакро дар бар мегирад. Масоҳаташ тақр. 914 276 км². Баландиаш аз 300—500 м то 1000—1500 м.
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Ҳиндустон[1] |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 600 м[2] |
Ҳаммарз бо | Western Ghats[d], Eastern Ghats[d] ва Satpura Range[d] |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиминшиносӣ
вироишПаҳнкӯҳ аз гнейс (навъи хоросанг), тахтасангҳои булӯрӣ, кварсит, хоро таркиб ёфта, қисмати ғарбии онро қабати ғафси базалт (1500—1800 м) пӯшондааст. Сарватҳои зеризаминӣ: маъдани оҳан, мис, манган, волфрам, тило, ангиштсанг ва ғ. Минтақаи Карнули Дакан дар асрҳои миёна захираи зиёди маъдан дошт, ки бо номи алмоси Гулканда машҳур буд. Д-ҳои калонаш Нарбада, Маҳанади, Годовари, Кришна, Кавери. Дакан се фасли сол дорад: тобистон, баҳор, зимистон. Иқлимаш субэкватории муссонӣ, тобистонаш сернам, зимистонаш хушк. Ҳарорати миёнаи май (моҳи гармтарин) 29-32°С, январ 21-24°С. Миқдори боришоти солона дар қисми марказӣ 500—700 мм, дар ғарб 2000-3000 мм. Хокаш сурх, латеритӣ, бӯри сурхтоб, сиёҳхоки тропикӣ. Набототаш саваннагӣ, 10-15 дарсади ҳудудашро бешазор пӯшондааст. Тақр. 60 дарсади масоҳати Дакан киштзор аст. Ҳосилхезтарин бахши минтақа дашти васеи байни рӯдҳои Кришна ва Годовари аст. Зироатҳои лӯбиёӣ, арзан, пахта ва ғ. кишт мешаванд.
Таърих
вироишСокинони қадими Дакан дравидҳо буданд, ки дар ҷануби Ҳиндустон давлатҳои Андҳра, Пандия, Чола, ва Чераро асос гузоштанд (нимаи 2 ҳазорсолаи 1 пеш аз м.). Аз асри 7 то м. ориёиҳо дар Дакан сокин шуданд. То давраи аввалин ҳуҷуми мусулмонҳо ба Давлатобод (1294) дар Дакан давлатҳои Чолукия (550—1187), Палавиҳо (асрҳои 4-9), Раштракута (753—988), Ядовиҳо (850 −1334), Какатия (1083—1323), Ҳойсала (1026—1343) вуҷуд доштанд. Аз давраи ҳукмронии султон Алоуддини Хилҷӣ (1296—1316) ҳуҷуми мусулмонон аз тариқи гузаргоҳи кӯҳии Мелгҳат (дар наздикии минтақаи Амраватии Маҳараштра), дашти Мандалешвар (дар ҷануби иёлати Малва) ва роҳи Асиргараҳ — Бурҳонпур ба Дакан шиддат ёфта, то аҳди ҳукмронии Муҳаммад ибни Туғлақшоҳ (1325-51) қисми зиёди он ишғол гардид. Қаламрави Салтанати Деҳлӣ дар Дакан ба чор шиқ (як шиқ аз чанд шаҳр иборат буд) тақсим шуда, онро шиқдор роҳбарӣ мекард. Дар охири солҳои 40 асри 14 ҳукумати Салтанати Деҳлӣ дар Дакан таназзул ёфта, дар қаламрави он давлатҳои Баҳманшоҳиён (1347—1527), Виҷаянагар ва Варангал ташкил гардиданд. Қисми зиёди Дакан ба қаламрави Баҳманшоҳиён дохил шуда, аввал ба чор тараф (иёлат): Гулбарга, Бидар, Давлатобод, Бирор ва пас аз ислоҳоти вазир Маҳмуди Говон ба 8 тараф: Гулбарга, Биҷопур, Давлатобод, Ҷунир, Роҷаҳмандри, Варангал, Говил, Моҳур тақсим мешуд. Ҳар тараф ба воҳидҳои хурди маъмурии самт, паргана ва сада (сад деҳ) ҷудо мешуданд. Таърихи сиёсии Дакан дар асрҳои 14, 15 ва ибтидои асри 16 аз муборизаҳои низомии байни Баҳманшоҳиён (1347—1527) ва ҷонишинонашон Низомшоҳиён, Одилшоҳиён, Қутбшоҳиён, Имодшоҳиён, Баридшоҳиён (1489—1619) ва роҷаҳои Виҷаянагару Варангал иборат буд. Дар натиҷаи ҷангҳои дохилии сулолавӣ қаламрави Имодшоҳиён ба ҳайати давлати Низомшоҳиён (1574) ва Баридшоҳиён ба Одилшоҳиён (1619) ҳамроҳ гардид. Аз давраи ҳукмронии Ҷалолуддини Акбар Темуриёни Ҳинд ҳуҷумро ба Дакан оғоз намуда (1601), то аҳди ҳукмронии Аврангзеб онро тамоман ишғол карданд. Дар аҳди Темуриёни Ҳинд қаламрави Дакан ба шаш суба (иёлат) тақсим гардид: Хондиш (дар шимолу ғарбии Маҳарашатра), Аврангобод, Биҷопур, Ҳайдаробод, Бидар, Бирор. Пас аз таназзули давлати Темуриёни Ҳинд Дакан ба ҳайати давлати Маратҳо (1674—1820) ва Осафҷоҳиён дохил мешуд. Аз ибтидои асри 17 рақобати кишварҳои Аврупоӣ — Португалия, Ҳолландия, Фаронса, Британияи Кабир дар Дакан оғоз шуда, он бо ғалабаи кишвари охирӣ анҷом ёфт. Дар асрҳои миёна таркиби иҷтимоии Дакан аз ду гурӯҳ иборат буд: 1. Мусулмонон, ки аксарият дар шаҳрҳо сокин шуда, табақаи болоии ҷомеаро ташкил медоданд. Мусулмонон дар Дакан ба зергурӯҳҳои ғарибон, даканиҳо ва ҳабашиён (муҳоҷирони африқоӣ) ҷудо мешуданд. 2). Ҳиндувон, ки аксарияти аҳолиро ташкил карда, бештар ба корҳои низомӣ, бофандагӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Ба қавли Фаришта, дар давраи ҳукмронии мусулмонон вазифаи ҷамъоварии андозҳо ва зарби сикка бар уҳдаи бараҳманон буд ва ҳиндуҳо озодона ба хонақоҳҳои суфиёни силсилаи чиштия рафтуо доштанд. Аз асрҳои миёна бандарҳои Чоул, Добул, Сурат, Гоа, Мангалур роҳҳои бозаргонии Дакан-ро ба воситаи баҳри Араб (дар ғарб) ва халиҷи Бангол (дар шарқ) бо кишварҳои Осиё ва Аврупо мепайвастанд. Хусусан дар Дакан тиҷорати асп равнақ ёфта, ба қавли сайёҳи рус А. Никитин, ҳар сол дар наздикии ш. Бидар ҳангоми таҷлили солгарди рӯзи фавти шайх Алоуддин Ансорӣ ба муддати даҳ рӯз бозор доир мешуд ва мардуми Ҳинду кишварҳои дигар бар замми мол ба он ҷо бист ҳазор асп меоварданд. Абдурраззоқи Самарқандӣ — сафири Шоҳрух дар Виҷаянагар (1443-45) менависад, ки бозаргонони Мовароуннаҳру Хуросон ба воситаи Бандари Ҳурмуз (Бандари Аббос) ба Дакан сафар карда, то дарёфти розигии роҷа ҳаққи аз бандар ба пойтахт ворид шуданро надоштанд. Аз давраи ҳукмронии Баҳманшоҳиён дар ш-ҳои Аҳмаднагар, Биҷопур, Бидар, Гулбарга, Гулканда ва Ҳайдаробод доираҳои илмию адабии форсӣ-тоҷикӣ ташаккул ёфта, дар пайравии ҳунари меъмории Мовароуннаҳру Хуросон якчанд мадраса, масҷид, китобхона, мақбара ва ғ. бунёд гардид. Аз ҷумла, мадрасаи сетабақаи Маҳмуди Говон дар Бидар бо пайравии сабки меъмории Осиёи Марказӣ сохта шуда, дар чаҳор кунҷаш айвону гунбад дорад. Асарҳои таърихӣ, аз қабили «Насиҳату-л-мулук»-и Сайфуддини Ғурӣ, «Футуҳу-с-салотин»-и Исомӣ, «Таърихи Фаришта», «Бурҳони маосир»-и Сайидалӣ ибни Азизуллоҳи Таботабо, «Тазкирату-л-мулук»-и Рафеуддин Иброҳими Шерозӣ ва ғ. дар Дакан таълиф шуданд. Илова бар забони форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна дар Дакан забонҳои арабӣ, телугу, тамилӣ, каннадӣ, санскритӣ ва маратҳӣ низ маъмул буданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Дакан / С. Ҳусайнов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Алаев Л. Б. Средневековая Индия, СПб. 2003;
- Никитин А. Хождение за три моря. М., 2014.