Далер Лоҳутӣ (26 апрел 1934 ё 1934[1]27 январ 2022, Маскав) — файласуф, мантиқдон, забоншинос ва тарҷумон, мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши маснӯъӣ. Доктори илмҳои техникӣ, профессор.

Далер Лоҳутӣ
Таърихи таваллуд 26 апрел 1934(1934-04-26) ё 1934[1]
Таърихи даргузашт 27 январ 2022(2022-01-27)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер

Зиндагинома

вироиш

Далер Лоҳутӣ, 26 апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов. Соли 1971 дар мавзуъи «Арзёбии низомҳои ҷустуҷӯгар» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Корнома

вироиш

Аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия буд. Ҳамчунин ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ буд. Узви Анҷумани ҳуши маснӯъии Русия низ буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 1999 рисолаи докторияшро дар мавзуъи «Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ» дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ кардааст. Муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ буд. Ӯ асари «Рисолаи фалсафиву мантиқӣ»-и Людвиг Вингтейнштейн, «Дониши объективӣ»-и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равишшиносӣ ва фалсафии дигарро низ ба русӣ тарҷума кардааст.

Даргузашт

вироиш

Далер Лоҳутӣ 27 январи 2022 дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморӣ даргузашт[3].

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Bibliothèque nationale de France Record #165643079 // BnF catalogue général (фр.)Paris: BnF.
  3. Даргузашти Далер Лоҳутӣ, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 28 Январ 2022 санҷида шуд.