Дамламаи биҳигӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшти серравғанро лӯнда-лӯнда реза мекунанд, қабурғаҳоро майда карда, бо намак ва зира меомезанд. Навъи биҳии туршакро шуста, тухмашро тоза ва 1-сантиметрӣ реза мекунанд. Масолеҳро ба деги тасфон андохта, сарпӯши дегро мепӯшанд. Таомро дар алови паст 40-45 дақиқа дам дода мепазанд. Гӯшту биҳиро ба табақча ва қиёмашро ба коса кашида, ба дастархон мегузоранд.

Барои тайёр кардани дамламаи биҳигӣ 2 кг гӯшти серравғани гӯсфанд 1 кг биҳӣ, мувофиқи табъ намак, зиравор ва кабудӣ зарур аст.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988