Дамованд (форсӣ: دماوند‎) — шаҳри таърихӣ, маркази шаҳристони Дамованди устони Теҳрон (аз 1936); дар доманаи қаторкӯҳҳои Албурз қарор дошта, номаш аз кӯҳи Дамованд бархостааст. Аҳолиаш 56315 нафар (2012), бо лаҳҷаи тотии забони форсӣ гуфтугӯ мекунанд. Масоҳаташ 2066 км2.

Маҳалли аҳолинишин
Дамованд
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 959 м[1]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
damavand.ir(форсӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Баландиаш аз сатҳи баҳр 1903 метр. Обаш аз дарё ва чашмасорҳо таъмин мешавад. Кӯҳҳои асосии шаҳристони Дамованд: Қарадоғ (4,076 м), Ҷингизчол (4,010 м), Аспгирон (3,718 м), Миёнарӯд (3,650 м), Зарринкӯҳ (3,510 м) ва Тор (3,452 м).

Иқлим

вироиш

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон 30,50С, дар зимистон 130С.

Машғулияти сокинон

вироиш

Машғулияти сокинони Дамованд: кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, бозаргонӣ ва ҳунармандӣ. Рустаниҳои доруии Дамованд: гули говзабон, коснӣ, чашми булбул, ширинбия, камол, бӯимодарон, зилол, анҷир, бодоми кӯҳӣ.

Таърих

вироиш

Дар асотир бунёди чандин шаҳр дар Дамованд ба Каюмарс ва ворисонаш нисбат дода мешавад. Дамованд аз замони ҳукмронии Ҳахоманишиён ҳамчун маркази савдои лоҷвард шуҳрат ёфта, дар масири роҳи корвонгард Табаристон ва Райро бо ҳам мепайваст. Аз давраи Ашкониён Дамованд ба қаламрави сулолаи маҳаллии Масмуғон дохил мешуд. Арабҳо бори аввал бо сарварии Нуайм ибни Муқарран ба Дамованд лашкар кашида (643), тибқи шартномаи басташуда бо Мардоншоҳи Масмуғон сокинони шаҳр уҳдадор шуданд, ки солона 200 ҳазор дирҳам хироҷ пардохт намоянд. Баъдан Мусо ибни Каъб бо фармони Абумуслими Хуросонӣ ба Дамованд лашкар кашида (749), дар ишғоли он ноком гардид. Ахиран Аббосиён ба Дамованд лашкар кашида, онро забт карданд (759). Дамованд то давраи Қоҷориён ҷузъи Рай буд. Дар давраи Қоҷориён чаҳор маҳаллаву ҳаммом ва нуҳ масҷид дошт.

Ёдгориҳои таърихӣ

вироиш

Ёдгориҳои таърихии Дамованд: 27 қалъа, 21 қабристон, 18 ҳаммом, 5 пул, 3 масҷиди қадимӣ ва 3 корвонсарой. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз гӯристони қадимии Дамованд ду ҷоми гилӣ ва чандин сикка ёфт шуданд, ки ба давраи ҳукмронии Меҳрдод (Митридот)-и II ва Фарҳоди (Фраат)-и II мансубанд.

Адабиёт

вироиш
  • ایرج افشار سیستانی. فرهنگ شهرها و استانهای ایران. جلد. ۱. تهران، ۱۳۹۲.؛
  • محمد جواد مشکور. جغرافیای تاریخی ایران باستان. تهران، ۱۳۹۳ ش.1

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш