Дарвеш Мақсуд (форсӣ: درویش مقصود‎; 1465, Бухоро — 1565, ҳамон ҷо) — шоир ва нависандаи форс-тоҷик.

Дарвеш Мақсуд
Таърихи таваллуд: 1465
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1565
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз аҳли ҳунар буда, муддате дар Ҳирот низ зистааст. Дарвеш Мақсуд бо Нисорӣ ва атрофиёни ӯ робитаҳои ҳасана дошта, дар маҷлисҳои онҳо ширкат меварзидааст. Дар «Музаккиру-л-аҳбоб» оварда шудааст, ки Дарвеш Мақсуд дар шеъргӯӣ маҳорат дошт ва нозукиҳои шеърро ба хубӣ пай мебурдааст. Ӯ латифаро хуб мегуфтааст. Дар латифҳояш, ки то ба мо расидаанд, носозиҳои замон ва ашхоси алоҳида фош шудаанд.

Ин абёт аз ӯст:

Эй дил, ғами ёру нолаи зор хуш аст,
Хуни ҷигару дидаи хунбор хуш аст.
Ғайр аз ғами ёр ҳар чӣ ҳосил кардем,
Ҳосил ҳама ҳеч асту ғами ёр хуш аст!

Адабиёт

вироиш