Дарвеш Муҳаммад
(Тағйири масир аз Дарвеш Муҳаммади Самарқандӣ)
Шайх Муҳаммад Дарвеши Самарқандӣ (форсӣ: شيخ محمد درويش سمرقندی; 6 феврал 1444 — 4 ноябр 1562) — сӯфӣ, ориф ва яке аз намоядагони тариқати нақшбандия, хоҳарзодаи шайх Муҳаммад Зоҳиди Самарқандӣ.
Дарвеш Муҳаммад | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Таърихи таваллуд: | 6 феврал 1444 |
Таърихи даргузашт: | 4 ноябр 1562 (118 сол) |
Устодон: | Зоҳиди Вахшӣ |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишДарвеш Муҳаммад даст иродат ба Хоҷа Аҳрор дода ва иҷозаи хилофатро аз Шайх Муҳаммади Зоҳид гирифта буд ва дар қаряи Амкина сукунат дошт ва дар кунҷи узлат машғули риёзат буд. Вай солиёни дароз дар хидмати Шайх Муҳаммади Зоҳид буд ва пас аз даргузашти ин пир халифаву ҷонишини ӯ шуд ва дорои пайравони бисёр буд, аз ҷумлаи онон шайх Муҳаммад Хоҷагии Амкинагӣ аст[1].
Даргузашт
вироишВафоти Шайх Муҳаммади Дарвеш дар сол 970 ҳиҷрӣ иттифоқ уфтод.
Эзоҳ
вироиш- ↑ شيخ محمد درويش سمرقندی قدّس سرّه - چهره های ماندگار - مطالب سایت - erfanabad.org. www.erfanabad.org. 19 Декабри 2023 санҷида шуд.