Даромад (мусиқӣ)
Даромад - порчаи мусиқӣ, қи пеш аз шурӯъи қисми асосии мақом (шӯъба) шакл мегирад. Даромад асосан 4 ё 5 зина поён аз сарпардаи шӯъба таъсис ёфта, масалан, Даромади Талқини Баёт дар асоси пардаи "сол" ташаккул ёбад, сарпардаи Талқини Баёт аз пардаи "ре" эҷод мешавад. Сохтори зарбии мусиқӣ бошад бо усули қисми асосии дар пешомада якхела аст. Яъне, Даромад қисми асосии Талқини Баётро ҳам аз ли-ҳози усул ва ҳам ҷиҳати лаҳн омода месозад. Даромад асосан дар шакли тарона байни қисмҳои асосӣ маври-ди иҷро қарор меёбад. Одатан таронаи охир Даромади қисми асосии пешомада буда, дар ташаккули асари силсила мавқеъи пайвандии қисмҳои асосиро иҷро мекунад.
Масалан, Даромад Талқини Баёт таронаи охири Сарахбори Наво буда, шурӯъшавии қисми Талқини Баётро омода месозад.
Даромад (оғози чизе, саршавӣ) – оғоз, саршавии ин ё он асари мусиқист. Дар санъати мақом ва мақомасароӣ оғози бахши созии ин ё он мақом, шӯъба, гӯша (1-9 такт) ва хати аввалини оҳангии сарахбор (9-25 такт) ва перояҳою нашидаҳои оҳангии хаши аввалини танзим, асосёфтаро гӯянд. Дар ҷараёни падидоии нашида, махмалиновоӣ (ҳанг) ва баъдан ҷараёнгирии хат, ки василаи муҳими иртиботист, дар бунёди шӯъба нақши муассир дорад.
Адабиёт
вироиш- Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:468-1 (ИВАН Узб.ССР);
- Шашмақом, мураттибон: Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов, Ф.Шаҳобов, зери назари В.М.Беляев, Москва, 1950-1967; Шашмақом, ёзиб олувчи: Юнус Ражабий, Тошкент, 1965;
- Ражабов И. Мақомлар масаласига доир, Тошкент, 1963;
- Низомов А. Таърих ва назарияи Шашмақом, Душанбе, 2006;
- Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1958; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966;
- Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1375;
- Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 60 ISBN 978-99947-49-13-3