Ганг (дарё)

(Тағйири масир аз Дарёи Ганга)

Ганг, Ганга (ҳиндуӣ – дарё) — бузургтарин дарёи Осиёи Ҷанубӣ дар Ҳиндустон ва Бангладеш.

Ганг (дарё)
  Координатаҳо
Мавқеъ
Кишвар Ҳиндустон
Ганг (дарё)
дар Викианбор

Дарозиаш 2700 км, масоҳати ҳавзааш 1120 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Ҳимолой дар баландии қариб 5000 м сар шуда, ба халиҷи Банголаи уқёнуси Ҳинд мерезад. Якҷо бо дарёи Браҳмапутра делтаи ниҳоят васеи Банголаро (беш аз 100 ҳазор км2 ) ташкил медиҳад. Болообаш аз дараҳои танги кӯҳӣ, қисми миёна ва поёнобаш аз ҳамвории Ҳинду Ганг ҷорӣ мешавад; бари маҷрои миёнааш 400–600 м, поёнобаш – 2 км. Дарёбодаш кӯлу ботлоқзорҳо дорад. Манбааш барфу пирях ва борон. Ганг яке аз серобтарин дарёҳои ҷаҳон аст. Давраи серобиаш аввалҳои май то нимаи сентябр. Дар мавсими обхезӣ сатҳи оби Ганг то 10–15 м баланд шуда, майдонҳои васеъ, бахусус дар минтақаи делта, зери об мемонанд. Сарфи миёнаи об дар резишгоҳ (бо Браҳмапутра) 35–38 ҳазор м3/с, дар як сол 1200 км2/с. Оби Ганг лой буда, дар як сол қариб 350 млн т ҷинсҳои кӯҳиро шуста меорад. Аз резишгоҳ то доманаи кӯҳҳои Ҳимолой (то шаҳри Ҳардвар) 1450 км-и Ганг киштигард аст. Шохобҳои калони Ганг аз рост – Ҷамна, Сон, Дамодар; дар чап – Гомати, Гҳагҳра, Гандак, Коси, Махонанда. Оби Ганг ва шохобҳои он барои обёрӣ васеъ истифода мешаванд. Дар Ганг наҳрҳои Гангаи Боло ва Поён, Ҷамнаи Боло ва Поён, Ғарбӣ ва Шарқӣ, Агра, Сарда ва ғ. сохта шудаанд. Дар соҳилҳои Ганг ва шохобҳои он шаҳрҳои Аллоҳобод, Банорас (Варанаси), Патна, дар ҳавзаи Ганг шаҳрҳои Агра, Деҳлӣ, Калкутта ва ғ. воқеанд. Ҳиндуҳо Гангро дарёи муқаддас мешуморанд. Дар соҳилҳои Ганг якчанд маркази муҳимми динӣ – Ҳардвард ва Ришикеш (дар мавзеи аз кӯҳ ба ҳамворӣ баромадани Ганг), Банорас (Варанаси) ва Аллоҳобод (дар маҷрои поёнӣ), Сагар (дар резишгоҳи Ганг ба уқёнус) ҷойгиранд, ки зиёратгоҳи мардуманд. Оби Гангро шифобахш ва поксозандаи гуноҳҳо мешуморанд. Бинобар ин ойинҳои ғусл ва пароканда намудани хокистари фавтидагон дар Ганг маъмул гардидаанд. Сӯзондани ҷасад дар соҳили Ганг орзуи ҳар як ҳинду аст, зеро тибқи боварҳо (эътиқод) гӯё дафн дар оби он шахси эътиқодмандро ба мақсади деринаи раҳоӣ – динӣ наздик менамояд. Бо оби Ганг мавзеъ ва ашёи нопокро мешӯянд, оби онро ба дигар ҳавзҳо рехта, ба онҳо сифати муқаддасӣ ва рӯҳафзоӣ мебахшанд

Сарчашма

вироиш