Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он
«Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он» (ба забони форсии тоҷикӣ, нимаи дуввуми садаи XVI-ва ибтидои садаи XVII навишта шуда, хатти хонои настаълик), муаллифаш ноъмалум, Исфахон. Аз рисолаҳои муҳими назарии мусиқӣ оид ба масоили таърихи ташаккул, ривоҷи фикрӣ дар 12-мақом ва таркиботи он аст. Аз мундариҷаи рисола пайдост, ба таълифоти мусиқии дар Мовароуннаҳру Хуросон (Кавкабии Бухороӣ, Маҳмуди Мирзобой, Хоҷакалони Хуросонӣ ва диг.) иртибот дошта, дар бисёр маврид ба манобеи мусиқии дар ин ҳавзаҳо иншошуда муроҷиат шудааст. Рисола аз муқаддима ва 5 фасл таркиб ёфта, бобе аз рисолаи «Насими тараб» илова шуда, дар муқаддима («Дар одоби илми мусиқӣ») тавсифи мусиқӣ (чун илм ва ҳунар) такя ба гуфтаҳои донишмандони ин илм шудааст (мусиқидонони ас.14-16).
Мавзӯи боби аввал («Дар маърифати мақомот ва таркиботи он») ин шарҳи 12-мақом, 24-шӯъба ва 6-овоза, назару тавсифи фалакӣ, донишӣ ва моҳияти маҷмӯи даврии мусиқист.
Дар фасли дуввум («Дар баёни пардаҳои мақомот») шарҳи мухтасари ҳар мақом, таърихи эҷоду рушди онҳо бо такя ба нақлу гуфтаҳои аҳли ҳунар натиҷагирӣ шудаанд.
Боби саввум («Дар баёни пардаҳои шӯъабот») таркиботи 24-шӯъба, тавсифи ҳар яке аз онҳо, усули истихроҷ ва фаҳмиши аҳли мусиқӣ дар иртибот ба маҷмӯи шӯъботи мақомҳо баён гардидааст. Муаллиф барои тақвияти хулосаҳояш аз гуфтаю навиштаҳои муси-қидонон (Кавкабӣ ва диг.) иқтибосҳо меорад.
Боби чаҳорум ин таърифи («Дар баёни пардаҳои овозҳо») шаш овозаи мусиқӣ (Гавашт, Моя, Гардуния, Салмак, Шаҳноз, Наврӯз), равиши истиҳроҷ, мавқеи ҷойгиршавии ҳар яке дар созҳои мусиқӣ ва ниҳоят иртиботи ҳар овоза ба ду мақом аст.
Дар боби панҷум («Дар баёни ҳафдаҳ баҳри усул») тавсифи зарбу вазнҳои маъмули форсӣ (Аҷамӣ), яъне таркиботи зарбӣ, сохти авзонӣ, ҳамсонии арӯзу мусиқӣ, равиши эҷоди зарбҳо, нақши авзони мусиқӣ дар эҷоду иҷрои мақомҳо ва гуфтаҳои донандагону иҷрогарони мусиқӣ ба қавонини усулӣ дар мусиқӣ ва ғ. аст. Муаллиф дар ҷараёни тавсифи таркиботи 12-мақом ва масоили эҷоду иҷрои мусиқӣ аз манобеи мусиқии гузаштаю замонааш истифода карда, ба хулосаҳои ҷолиби назарию зебоишиносии мусиқӣ комёб шуданашро дар хотимаи рисола собит менамояд. Ин рисола маҳсули тафаккури тафсирию тахлилии ҳавзаҳои ҳунарии Эрони нимаи дуввуми садаи XVI-ва ибтидои садаи XVII аст (мактаби Исфаҳон).
Адабиёт
вироишМашҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. Душ., 1988; Рисолаи мусиқӣ, Р:1466-1, ИШАФ Ӯзб.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 57 ISBN 978-99947-49-13-3