Дар иншиоби усул ва фурӯғи мусиқӣ

«Дар иншиоби усул ва фурӯғи мусиқӣ» – мансуб ба қалами Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), фасле аз асари донишномаи «Эъҷози Хусравӣ»- Рисола ба забони форсии тоҷикӣ (бо назму наср) навишта шуда, дар иртибот ба масоили мутрибист. Амир Хусрав анъанаҳои мусиқии замони Борбадро чун «комили замон» ва «аъҷубат уд-давр» сутуда, системаи Дувоздаҳ пардаро бо ҷузъиёташ қаламдод намуда, вале услуби баён шакли тавсифи назарии мусиқист. Аҳамияти таърихии рисола иборат аз: анъанаи рисоланависии форсизабони Ҳиндро асос гузошта ва дар мусиқиши-носӣ «асарест оид ба синтези ҳинду аҷамӣ» ; нахустин рисолаест, ки системаи Ду-воздаҳпарда (мақом) ва истилоҳоти мусиқии мар-думони форсизабонро ба Ҳинд ворид шуда аст; усулан амалист ва аз манобеест, ки анъанаи «шарти мутрибӣ» зикр ёфта; он принсипи аслу фаръро дар мадди аввали ҳунари мақомот гузоштааст.

Адабиёт

вироиш

Азизова Ф. Шашмаком и рага. Душанбе, 1999; Fatimi Q. Amir Khuro’s contribution to indo-muslim tradition. Islamabad, 1975.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 57 ISBN 978-99947-49-13-3