Даъватӣ
Даъватӣ - ин мафҳум ба ду маъно истифода бурда мешавад: 1) оғози фаъолиятн мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ то ба охир расидани ваколатдории он.
Масалан, Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсияи соли 1994 навбати дуюм аст, ки аз нав интихоб мешаванд ва онҳо Маҷлисҳои вакилони халқ даъвати дуюм мебошанд; 2) яке аз шакли асосии ташкилию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ иҷлосия буда, ба тарзи даъватӣ сурат мегирад. Масалан, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле на камтар аз ду бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад (м. 52 Конститутсияи ҶТ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 150-151
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |