Даҷҷол
Даҷҷол (ар. الدجال — дуруғгӯ ва сахт фиребгар) — бар асоси фарҳанги маодшиносии ислом шахси фиребгаре, ки дар охири замон пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ва қабл аз нузули Исо (ъ) хуруҷ ва мардумро ба қабули худоии худ ва рӯй гардонидан аз дини Ислом даъват мекунад ва вайро Масеҳи Даҷҷол низ гӯянд.
Таърих
вироишВай дар муддати чиҳил рӯз дунёро аз куфру бединӣ ва зулму ситам пур месозад ва барои таъйиди даъвати худ корҳои хориқулодае ба мардум нишон медиҳад, он гоҳ Исо (ъ) дар манораи сафед дар шарқи шаҳри Димишқ нузул менамояд ва вайро дар назди дарвозаи Лудди Шарқӣ — минтақа ва ё шаҳраке дар Шом ба ҳалокат мерасонад. Дар бораи Даҷҷол дар китобҳои гуногуни ҳадис ҳудуди сад ҳадис ривоят шудааст.
Даҷҷол дар аҳодиси Пайғамбар (с)
вироишБа фармудаи расули Худо (с): «Ҳеч паёмбаре пеш аз ӯ наомадааст, магар ин ки қавми хешро аз хуруҷи Даҷҷол бим додааст». Даҷҷол бар асоси ҳадиси Ҷассоса дар Саҳеҳи Муслим (7312 (2942)-119) ҳоло дар ҷазирае занҷирбанд аст ва бино ба фармудаи баъзе аҳодис аз сарзамини машриқ ва савори дарозгӯше (хари Даҷҷол) хуруҷ ва даъвои худоӣ мекунад. Вай аъвар аст — танҳо як чашм — чашми рост дорад[1], ки аз ҷояш ба мисли донаи ангур берун баромадааст ва дар байни чашмон — пешонааш бо ҳарфҳои муқаттаа ك، ف، ر яъне кофир навишта шудааст[2]. Ба сабаби аҷоиб ва корҳои хавориқе, ки аз худ нишон медиҳад[3], мардуми бисёре ба ӯ мегараванд ва саранҷом ба дасти Исои Масеҳ (ъ) кушта мешавад.
Даҷҷол дар ривоёти исломӣ
вироишДар хабар аст, ки Даҷҷол ду наҳр: наҳри обе ба нишонаи биҳишт ва наҳре аз оташ бо номи дӯзах ба ҳамроҳ дорад[4], ки дар асл он наҳри об дарвоза ва ё гузаре ба сӯи дӯзах ва он наҳри оташ нуқтаи убуре ба биҳишт ва ё он наҳри об дӯзах ва он наҳри оташ биҳишт бошанд[5], ҳар касеро, ки вай бо номи биҳишт ба он наҳри об партояд, ба дӯзах равад ва ҳаркиро ба наҳри оташ афканад, ба биҳишт равад. Ганҷҳо ба фармонаш аз замин берун резанд, ҷавоне (танҳо ҳамон як кас)-ро мекушад ва амр мекунад, то боз зинда гардад[6]. Барои касоне, ки ба вай мегараванд, сериву пуррӣ ва борону сарсабзӣ меоварад ва касонеро, ки ба вай бовар намекунанд, ба сахтӣ ва хушкиву қахтӣ дучор месозад[6].
Даҷҷол ба мисли борон ва ё абре, ки онро бод бо суръат ба пеш мебарад, дар муддати бақои худ ба тамоми ободиҳои рӯи замин сар мекашад ва мардумро (ба сӯи ботил) даъват мекунад[7], ба ҷуз ду шаҳри Макка ва Мадина, ки тамоми дарраҳо ва гузаргоҳҳои мунтаҳӣ ба онҳо бо дастаҳое аз фариштагон муҳофизат мешавад ва ҳамин ки Даҷҷол ба онҳо наздик шавад, фариштагоне бо шамшерҳои бараҳна ба сӯи вай бароянд ва ӯро боздоранд[8]. Бо ин ҳол вай дар яке аз шӯразорҳои дуртар аз Мадина фуруд меояд ва Мадина се бор такон мехурад, пас аз он ҳар кофир ва мунофиқе, ки дар он буда, ба назди вай мераванд[9].
Ҳамон гуна ки дар ҳадиси Ҷассоса дар Саҳеҳи Муслим (7312 (2942)-119) омада, яке аз саҳобагони киром бо номи Тамими Дорӣ (р) Даҷҷолро дар яке аз ҷазоир ба дайре занҷирбанд дида, ки ҷонваре пашмина бо номи Ҷассоса дар атрофи он ҷазира ба таҷассуси ахбор барои вай машғул аст ва пас аз бозгашт достони ӯро ба паёмбар (с) нақл кардааст, вале ҷои вай ба таври дақиқ дар ривоятҳои Суннат баён нагардида ва танҳо ба хуруҷи вай аз машриқ ишора шудааст.
Даҷҷол нишонаи кубро
вироишХуруҷи Даҷҷол аз ашроти кубро — аломатҳои бузурги наздикии барпо шудани қиёмат ва бузургтарин фитна ва мояи гумроҳӣ барои башарият пеш аз рӯзи қиёмат мебошад. Эътиқод ба хуруҷи Даҷҷол, ҳамон гуна ки расули Худо (с) фармуда, ҷузъи ақоиди динии пайравони тамоми адёни осмонӣ аст ва назди тарсоён (насоро) ба Антихрист, ки дар муқобили Исои Масеҳ (ъ) аст, шинохта мешавад.
Бар пояи ривоятҳои Суннат пеш аз хуруҷи Даҷҷоли Масеҳ даҷҷолони дигаре ҳудуди сӣ нафар дар давраҳои гуногуне аз таърихи уммати ислом хуруҷ намоянд ва ҳамаашон даъво намоянд, ки расул ва фиристодаи Худоянд[10] ва дар сатҳҳои мухталифе ба фиреб ва аз роҳ задани мардум аз арзишҳои эътиқодии ислом пардозанд. Хуруҷи онҳо аз аломоти хурди наздикии қиёмат аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7298 (2936)-109
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7290 (2933)-101), 7299 (2937)-110
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7288 (2932)-100, 7299 (2937)-110
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7293 (2934)-104
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7293-7298 (2934-36)-104-109
- ↑ 6.0 6.1 Саҳеҳи Муслим, 7299 (2937)-110
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7299 (2937)-110, 7316 (2943)-123
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7312 (2942)-119
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7316 (2943)-123
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 7271 (157)-84
Адабиёт
вироиш- А. Боқизода, Имоми Аъзам бузургмарде дар таърихи башарият. — Душанбе, 2009
- А. Боқизода, Рисолаҳои имом Абуҳанифа дар бораи арзишҳои эътиқодии ислом. — Душанбе, 2013
- دائرة المعارف فارسی. — تهران، 1387 ش
- لغتنامۀ دهخدا. — تهران، روایت چهارم
- فرهنگ جامع فارسی آنندراج. تهران، 1363 ش
- موجز دائرة المعارف الاسلامية. المجلد الساىس عشر. — الشارقة، 1418 هـ./1998 م