Ҷамъиятшиносӣ

(Тағйири масир аз Демография)

Ҷамъиятшиносӣ (форсӣ: جمعیت‌شناسی‎), демогра́фия (юн.-қад. δῆμος — мардум, юн.-қад. γράφω — менависам) — бахше аз илмҳои иҷтимоъист, ки баҳисобгирии аҳолӣ ва қонунҳои тараққиёти онро меомӯзад.

Истилоҳ

вироиш

Вожаи «демография»-ро бори аввал олими фаронсави А. Гийар соли 1855 дар асари тадқиқоташ «Усули омор инсонӣ ё демографияи татбиқӣ» ба кор бурдааст. Демография қонунияти ҳодисот ва протсессхоеро, ки дар структура ва афзоиши аҳолӣ ба амал меояд, аз руи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инчунин биологӣ ва географӣ мушоҳида менамояд. Демография бо илмҳои мухталифи ҷамъияти, аз ҷумла бо сотсиология алокаманд аст. Демография проблемаи тавлиду фанои аҳолиро низ меомузад, ки он натичаи қонуниятҳои табии аст. Дар дохили мамлакат шумораи аҳолӣи шаҳру ноҳияхо ба вачхи мигратсияи аҳолӣ зиёд ё кам мешаванд. Пешгӯиҳои демографи вазифаи муҳимтарини демография буда, шумора, таркиб, ҳаракат ва тараққиёти 20 — 30-солаи пешаки муайян мекунад. Демография қонуниятҳои афзоиш ва тараққиёти аҳолӣи хар як сохти ичтимоию иктисодиро алохида меомузад. Зеро қонуни афзоиши аҳолӣ, ба чараёни демографи низ бевосита таъсир мерасонад.

Маълумот дар бораи аҳолӣ барои мукаррар кардани талабот нисбати кумаки гуногуни тибби низ кор фармуда мешаванд. Вазифаи асосии демографияи тибби омӯзиши таваллуд, фавт (аз ҷумла фавти атфол), афзоиши табиии аҳолӣ, давомоти миёнаи умр мебошад. Афзоиши табиии аҳолӣ, ки аз руи тафовути байни таваллуд ва фавт мукаррар карда мешавад, нишондодест баҳри ошкор намудани микдори аҳолӣ. Афзоиши табии манфи ва мусбат мешавад. Маълумоти демография баҳри арзёбии вазъи саломатии аҳолӣ ва кори босамари муассисаҳои тандурусти ахамияти калон доранд. Хусусан нишондодхо оид ба фавти умумӣ ва фавти кудакони то 1-сола муҳим мебошанд.