Деҳоти Овчиқалъача

Ҷамоати Овчиқалъачаҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.

ҷамоат
Деҳоти Овчиқалъача
Ҷамоати Овчиқалъача
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Ғафуров
Шомили 8 деҳа
Маркази маъмурӣ Ғозиён
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Деҳоти Овчиқалъача дар харита

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

вироиш

Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача соли 1929 таъсис ёфтааст. Пайдоиши номи Ҷамоат аз номи ду деҳаҳои калонтарин Овчӣ ва Қалъача иборат мебошад. Аслан Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача аз 8 деҳа Қалъача, Овчӣ, Шайхон, Деҳнав, Пахтаобод, Боғпарвар, Себзор ва Наврӯз иборат аст. Ҳудуди Ҷамоат 581, 4 гектарро ташкил дода, бо деҳаи Қулундаи ноҳияи Лайлаки ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳади ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба марзи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача таалуқ дорад, обанбори калоне сохта шудааст, ки оби кӯхиро дам намуда, барои шодобгардонии заминҳои ноҳияи Ҷ.Расулов ва хоҷагиҳои кишоварзии Хоҷабоқирғон, С.Урунхоҷаев ва Д.Азизови ноҳия тақсим карда мешавад. Оби боқимонда ба наҳри Хоҷабоқирғон равона карда мешавад, ки аз байни минтақаи аҳолинишин ҷорӣ мешавад. Табиати зебои соҳилҳои наҳри Хоҷабоқирғон, масҷиди «Хоҷабоқирғон», ки дар болои ҷариҳои обшуста ҷойгир шудааст, оби мусаффои доимо ҷоришаванда диққати сайёҳонро ҷалб намудааст. Дигар сабаби ташрифи меҳмонон ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ин мазори «Хоҷабоқирғон» аст. Аҳолии Ҷамоат асосан бо боғдориву сабзавотчигӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Дар ҳудуди Ҷамоат чор адад хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошанд: Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Раҳбар Қосимов, Хоҷабоқирғон, филиали Суғдии Институти илмию истеҳсолии боғдориву сабзавотчигии ноҳия, хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов. Дар масофаи наздик ҷойгир будани фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, истгоҳи Роҳи оҳан, шаҳрҳои калони Хуҷанду Чкалов ба рушду инкишофи тиҷорат дар Ҷамоат имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аз ин сабаб мардуми Ҷамоат айни ҳол бо тиҷорат низ машғул буда, маркази Ҷамоатро мағозаву марказҳои савдо зеб дода истодаанд. Дар ҳудуди ҷамоат 2 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Инчунин дар ҳудуди Ҷамоат 2 шуъбаи алоқа, 167 адад муассисаҳои хидматрасонӣ ва савдо, 6 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 адад гимназия, 1 муассисаи томактабӣ, 1 хонаи кӯдакон, 1 клуб, 1 филиали мактаби санъат, 1 беморхона, 3 хонаи саломатӣ, 3 марказҳои саломатӣ, 1 толори варзишӣ ва 6 майдончаҳои баскетболию валейболи мавҷуд мебошад. Инчунин дар ҷамоат 1 масҷиди ҷомеа ва 7 масҷидҳои панҷвақта фаъолият менамояд. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2013 – 20945 нафар мебошад. Дар ҷамоат тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо зиндагони менамоянд. Заминҳои ҳосилхез, фаровонии обҳои мусаффои кӯҳӣ ба мардуми меҳнатқарини Ҷамоат имконият медиҳад, ки бо меҳнати созанда машғул шуда, меваҳои шаҳдбору хушсифат истеҳсол намоянд.[1]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

вироиш

Мардум

вироиш
Сол 2015[2]
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
21,6

Деҳоти ҷамоат

вироиш
Ҷамоати Овчиқалъача
Деҳа Аҳолӣ
Қалъача
Овчӣ
Шайхон
Деҳнав
Пахтаобод
Боғпарвар
Себзор
Наврӯз

[3]

  1. [ http://www.gafurov.tj/tj/jamoatho/ovchikalacha Бойгонӣ шудааст 17 апрели 2017  сол. Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача]
  2. Demography. untj.org. 26 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.