Диада (юн.-қад. diada — дугона) — истилоҳи фалсафаи Пифагор ва Афлотунро меноманд, ки барои ифодаи усули номуайянӣ, номуташаккилӣ, касрат ва бесуботии моддӣ истифода мешавад.

Диада хилофи монада («воҳид») ё худ ваҳдату субот ва шакл мебошад. Маъмулан таълимоти диадаро ҳамчун усули олии ҳастӣ ба Пифагор нисбат медиҳанд, вале таҳлили маъхазҳо ва назари амиқ ба ин масъала гувоҳи онанд, ки он дар заминаи таълимоти Пифагор ба вуҷуд омада, ҳамчун истилоҳ дар Академияи Афлотун ташаккул ёфтааст. Дар таълимоти Афлотун диадаи номуайян (онро «кабиру сағир» ё нобаробар низ меноманд) материяи фононопазири ғояҳо-аъдод (ададҳо) шинохта шудаанд, ки тавассути усули фаъолу шаклсозӣ «ягона» ба вуҷуд меоянд.

Спевсипп ғояву аъдоди Афлотунро бо ададҳои математикӣ иваз намуда, ба ҷойи «дугона»-«касрат»-ро истифода намуд. Ин дар ҷадвали «Даҳ тазод»-и Пифагор, ки Спевсипп онро таҳрир намуда буд, инъикос ёфтааст. Ксенократ таълимоти Афлотунро оид ба «дугонаи номуайян» барқарор карда, дар айни замон, диадаи ташхисгаштаро чун олиҳа, ҷони ҷаҳон ва «модари Худоҳо» (ситораҳо ва Кайҳон) ёд намуд ва ба он монадаро ҳамчун унсури мардона муқобил гузошт. Мухолифи монада диада дар таълимоти афлотуниёни давраи миёна (Плутарх) ва пифагориёни ҷадид (Нумений), инчунин дар доираи ғояҳои адрия ва ҳурмузия аҳаммияташро гум накарда бошад ҳам, дар таълимоти минбаъдаи Афлотун (диада — нахустин судури ягона) мавқеи дуюмдараҷаро ишғол кард.

Сарчашма

вироиш