Дидбонгоҳи гумрукӣ
Дидбонгоҳи гумрукӣ — рукни ибтидоии мақомоти гумрукии ҶТ мебошад, ки дар сарҳади гумрукии кишвар ҷойгиранд, интиқоли молу воситаҳои нақлиётро аз сарҳади гумрукии ҶТ ва рафту омади мусофиронро ба қайд гирифта, фаъолияти гумрукиро амалӣ менамоянд. Дидбонгоҳи гумрукӣ аз ҷониби департаменти назорати гумрукии Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии ҶТ вобаста ба манфиатҳои иқтисодии кишвар, таъмини истиқлоли иқтисодӣ ва бехатарии иқтисодӣ, ҳимояи бозори дохилй, инкишофи иқтисоди миллӣ дар хатти сарҳадӣ ташкил ва барҳам дода мешавад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 156
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |